Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти почтаи алтернативӣ - як ниҳоди нави ҷамъиятӣ, ки ба манзури паҳнсозии нашрия ва маҷаллаҳо аз сӯи бархе аз муассисони расонаҳои гурӯҳӣ ташкил шудааст, ба кор оғоз кард.

Ин хадамот, ки аз тарафи вазорати адлияи Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ иҷозаи фаъолият дарёфт карда буд, ҳадаф дорад мушкили тавзеъи нашрияҳоро ҳал ва дастрасии муштариён ба расонаҳои чопиро бо шеваҳои беҳтар ба роҳ монад. Вале ба далели набуди созиш ва муросо миёни муассисон бар сари интихоби мудирияти иҷроия Хадамоти почтаи алтернативӣ ба кори худ бо таъхир шурӯъ кардааст.

Хушбинии муассисон

Акбари Саттор, яке аз медиа-магнатҳои Тоҷикистон ва узви Шӯрои муассисони Хадамоти почтаи алтернативӣ, гуфт, бо фаъол шудани почтаи алтернативӣ яке аз мушкилоти асосии матбуоти Тоҷикистон бартараф хоҳад шуд.

Акбаралӣ Саттор, яке аз медиа-магнатҳои Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки почтаи алтернативӣ мушкили паҳнсозии матбуотро бартараф хоҳад кард
Зеро, ба гуфтаи ӯ, арзиши хидмати почтаи давлатӣ барои паҳну тавзеъи нашрияҳо гарон аст ва аз тарафи дигар муносибати фурӯшандаҳои нашрияҳо бо соҳибони расонаҳо ҳатто ба қавоиди бозори озод низ дуруст намеояд.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон», низ итминон дорад, ки Хадамоти почтаи алтернативӣ, ки аз сӯи роҳбарони нашрияҳо ташкил шуд, боиси афзоиши теъдоди нашрияҳо ва камтар шудани мушкили иқтисодии расонаҳо хоҳад шуд.

Шубҳаи коршиносон

Бо ин ҳол бархе аз соҳибназарони умури матбуот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки вақте Хадамоти почтаи алтернативӣ аз сӯи муассисони нашрияҳои мухталиф ташкил мешавад, баъид аст, ки комёб шавад. Ин коршиносон мегӯянд, ки ҳар кадоме аз ин нашрияҳо бо ҳам рақобат доранд ва дар заминаи бархурди манофеъ гумон аст, ки он ба аҳдофи худ бирасад. Аз ин рӯ беҳтар буд, ин Хадамот аз сӯи нафароне роҳандозӣ шавад, ки новобаста аз дидгоҳу мавқеъ танҳо фурӯши нашрияҳоро ҳадафи аслии худ қарор дода бошад, мегӯянд онҳо.

Зимнан расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон ба истиснои нашрияҳои давлатӣ асосан ҳафтае як маротиба нашр мешаванд. Вале ба ин далел, ки Почтаи Тоҷикистон барои паҳн ва дастрас кардани ин нашрияҳо ҳавасманд нест, расонидани онҳо ба дасти хонанда барои муассисони нашрияҳо ба як мушкил табдил ёфта буд. Аз ин рӯ ҳар кадоме аз ин нашрияҳо талош мекарданд, ки дар тавзеъи маҳсулоти худ намояндагиҳои худ дар манотиқро низ фаъол созанд. Азбаски ин кор ҳазина камро талаб намекунад, ин иқдоми соҳибони нашрияҳо бебарор будааст.

Мушкили тавзеъи нашрияҳо

Ахиран нашрияи «Имрӯзнюс», ки танҳо расонаи ҳаррӯза ба ҳисоб мерафт, ба иллати пеш омадани мушкили молӣ аз чоп бозмондааст. Ва гуфта мешавад, яке аз сабабҳо бо мушкили молӣ рӯбарӯ шудани ин нашрия гаронии тақсими он ва набуди нуқта ва ё дӯконҳои фурӯши рӯзнома будааст.

Аз ин ҷост, ки масъулони Хадамоти алтернативи почта тасмим гирифтаанд дӯконҳои махсуси фурӯши рӯзномаҳоро ибтидо дар пойтахту атрофи он ва сипас дар саросари кишвар ифтитоҳ намоянд.

Ба ин тартиб дар ҷаласаи ахири шӯрои муассисони Хадамоти почтаи алтернативӣ Зафар Абдуллоев, сардабири нашрияи «Факти и комментарий» ва муассиси Оҷонси иттиллотии «Авесто.тҷ», ба вазифаи мудири иҷрояи ин ниҳод интихоб шудааст. Хадамоти почтаи алтернативии Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла САҲА ва бунёди Сорос фаъолият хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG