Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи ҷадиди пойгоҳи Русия таъйин шуд


Бо фармони раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, сарҳанг Сергей Рюмшин фармондеҳи ҷадиди пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон таъйин шуд. Сергей Рюмшин 45 сол дошта, омӯзишгоҳи низомии Харков ва Академияи низомии нирӯҳои зиреҳпӯши тонкиро хатм кардааст. Ӯ ахиран дар ҳавзаи низомии Приволжеву Урали артиши Русия хидмат мекард.
Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-уми артиши Русия таъсис ёфт. Ин пойгоҳ воҳидҳои низомии Русия дар Душанбеву Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва Норакро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG