Пайвандҳои дастрасӣ

Ба водии Рашт Мустафоқул Рустамовро фиристодаанд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбе бо гурӯҳи афсароне, ки ба мақомҳои баланди вазорати умури дохила таъйин шудаанд, мулоқот карда, аз онҳо даъват кард, аз рӯи виҷдон кор карда, ва дар фаъолияти худ ҳукми қонунро муроот ва муборизаро бо ҷиноёткорӣ, бахусус бо қочоқи маводи мухаддир тақвият кунанд. Дар пайи ин мулоқот маълум шуд, ки ба мақоми раиси бахши минтақавии аз нав таъсисёфтаи вазорати умури дохила дар водии ошӯбзадаи Рашт Мустафоқул Рустамовро таъйин кардаанд. Қаблан ҳадс зада мешуд, ки шояд ба ин симат Шоҳ Искандаров ё Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳони собиқи мухолифин дар он минтақа, ки ба гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар водии Рашт напайвастааанд, интисоб шавад.
Интисоби Рустамов ба ин симат дар ҳоле сурат мегирад, ки наздики 3 моҳ боз дар водии Рашт амалиёти алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ идома дорад. Мақомот мегӯянд, раҳбарии ин гурӯҳҳоро фармондеҳони собиқи мухолифин Абдуллоҳ Раҳимов ва Аловиддин Давлатов бар дӯш доранд.
XS
SM
MD
LG