Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Iberia” ҳамаи парвозҳояшро лағв кардааст


Ширкати миллии ҳавопаймоии Испания – “Iberia” – ҳамаи парвозҳояшро лағв кардааст. Ин дар ҳолест, ки корпартоии нозирони парвозҳо дар ин кишвар вориди рӯзи дуввум шуда, алакай боиси аз роҳи сафар мондани садҳо ҳазор мусофир шудааст. Фурудгоҳи Мадрид ба ин далел, ки аз 77 нозири парвоз танҳо 15 танаш сари кор ҳозир шуданд, рӯзи шанбе ҳам баста шуд. Ноиби сарвазири Испания Алфредо Рубалкаба гуфт, дар ғайри сурати сари кор баргаштани нозирони парвозҳо, шояд дар кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ кунанд. Ӯ афзуд, баъди ин нозиронеро, ки ҳамчунон ба кор ҳозир намешаванд, ба масъулият ва ҳатто ба зиндон хоҳанд кашонд.
Аксари нозирони парвозҳо бо баҳонаи маризӣ ба кор ҳозир нашуданд, вале зоҳиран ин коршикание ҳамоҳангшуда дар пасманзари баҳси маош ва шароити кори онҳост.
XS
SM
MD
LG