Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши дуввуми парлумон барои ташкили эътилоф


Парлумони Қирғизистон рӯзи шанбе бори дуввум ба ташкили ҳукумати эътилофӣ иқдом кард. Омурбек Бабанов, раҳбари ҳизби Република, 15 рӯз дар ихтиёр дорад, ки се ҳизб аз 5 ҳизби роҳёфта ба парлумони ҷадиди Қирғизистонро дар як эътилофи ҳоким ба ҳам биорад. Талоши аввали парлумон барои ташкили чунин эътилоф ба ин далел ки барои интихоби раҳбари ҳизби Ота-Макон Омурбек Текебоев ба мақоми раёсати ин маҷлис ҳамагӣ 3 раъй нарасид, ноком шуд.
Тибқи Қонуни Асосии Қирғизистон, дар сурати 3 дафъа ноком шудани парлумон дар амри ташкили эътилофи ҳоким натоиҷи интихоботи рӯзи 10 октябр мунҳал ва дар кишвар интихоботи ҷадиди парлумонӣ барпо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG