Пайвандҳои дастрасӣ

Харидории манзилҳои атбоъи тоҷик дар марзи Қирғизистон


Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон ба харидории молу мулки шаҳрвандони тоҷик дар тӯли марзи ин вилоят бо Тоҷикистон шурӯъ кардаанд. Ҷолдош Сотиболдиев, раиси маъмурияти рустои Оқсой ба Радиои Озодӣ гуфт, харидории манзилҳои ташвишзо дар қаламраве сурат мегирад, ки Бишкек ҳудуди Қирғизистон мешиносад. Сотиболдиев гуфт, давлати Қирғизистон ба ин манзур як маблағи қобили мулоҳизаро ҷудо кардааст. Ҳудуди 40 манзил дар рустои марзии Тоштумшуқ баъд аз суқути шӯравӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхта шудаанд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба далели то ҳол таъйину аломатгузорӣ нашудани чандин бахши ин марз солҳо боз як минтақаи ҳассос боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG