Пайвандҳои дастрасӣ

Доманаи сӯхтор ба шаҳри Ҳайфа наздик мешавад


Мақомот мегӯянд, бузургтарин оташсӯзии ҷангалистонҳо дар таърихи Исроил ҳамчунон хориҷ аз зери назорат боқӣ монда, кишварҳое, чун Амрикову Русия, Мисру Туркия ва Озарбойҷон, ба ироаи кумак ба сӯхторнишонҳое, ки бо ин оташсӯзии бесобиқа дастбагиребонанд, идома медиҳанд. Ба гуфтаи мақомот, то ҳол беш аз 40 нафар ҳалок шудаанд. Бахши аъзами онҳо зиндонбонҳое будаанд, ки барои наҷоти маҳбусон мерафтанд, вале автобуси онҳо ба коми оташ рафт.
Дар ҳоле ки забонаи оташ ба Ҳайфа, севвумин шаҳри бузурги Исроил наздик мешавад, алакай ҳазорон нафарро аз манзилҳояшон дар шимоли ин кишвар кӯч додаанд. Мақомот мегӯянд, иллати ин оташсӯзӣ ҳанӯз рӯшан нашудааст.
XS
SM
MD
LG