Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости кумак ба саноати сабуки Тоҷикистон


Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон хостори кумаки давлат ба риштаи саноати сабуки кишвар шудааст. Дилшод Расулов, мудири бахши саноати сабук дар ин вазорат ба “Азия Плюс” гуфтааст, боло рафтани нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ корхонаҳои бофандагии Тоҷикистонро ба хатари манъи фаъолият рӯбарӯ кардааст ва то замони баланд боқӣ мондани нархи нах мебоист ба сурати муваққат ба ин корхонаҳо имтиёзҳое, аз ҷумла дар мавриди молиётро қоил шуд.
Оқои Расулов гуфт, ба 3 000 доллар расидани нархи як тонна нахи пахта алакай боиси аз кор мондани корхонаи “Кабул Текстайлз” дар Хуҷанд шудааст. Тоҷикистон тайи 10 моҳи соли равон ба хориҷ 75 000 тонна нахи пахта фурӯхта, аз ин ҳисоб зери 130 миллион доллар ба даст овардааст. Имсол дар кишвар 310 000 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд.
XS
SM
MD
LG