Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Петербург аз Тоҷикистон "Истиқлол" хоҳад рафт


Дар мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонҳои футболи кишварҳои шӯравии собиқ, ки моҳи январи соли оянда дар Санкт-Петербурги Русия барпо хоҳад шуд, Тоҷикистонро қаҳрамони имсолааш – “Истиқлол”-и Душанбе намояндагӣ хоҳад кард. Тими “Истиқлол”-ро 3 сол қабл Рустами Эмомалӣ, фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкил дода, ин тим тайи ҳамагӣ 3 соли вуҷудаш тавонист ба мусобиқоти лигаи олӣ роҳ ёфта, соле пеш Ҷоми футболи Тоҷикистон ва имсол унвони қаҳрамониро ба даст биорад.
Аз байни кишварҳои пешини шӯравӣ танҳо Гурҷистон дар ин мусобиқот ширкат намеварзад. Ба ҷойи тими гурҷӣ барои ширкат дар Ҷом тими ҲИК аз Финландия интихоб шудааст.
XS
SM
MD
LG