Пайвандҳои дастрасӣ

"Маризӣ"-и машкуки нозирони парвозҳо дар Испания


Интизор меравад, давлати Испания як нишасти изтирорӣ барпо кунад. Мақомот гуфтаанд, агар нозирони парвозҳои ҳавоӣ сари кор барнагарданд, дар саросари ин кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Вазири умури дохилаи Испания Алфредо Перес Рубалкаба гуфт, дар сурати ҷорӣ шудани вазъи изтирорӣ нозирони парвозҳои ҳавоӣ бо ҷурми саркашӣ аз иҷрои вазифа метавонанд боздошт ва бо ҳукми “ҷиддӣ” рӯбарӯ шаванд. Мадрид рӯзи ҷумъа ба низомиён амр дод, то ҳарими ҳавоии Испанияро зери назорати худ бигиранд. Аксари нозирони парвозҳои ҳавоӣ бо баҳонаи маризӣ ба кор ҳозир нашуданд, вале зоҳиран ин коршикание ҳамоҳангшуда дар пасманзари баҳси маош ва шароити кори онҳост. Ин “бемории саросарӣ” алакай боиси баста шудани фурудгоҳҳои Испания ва тахриби барномаи саёҳати даҳҳо ҳазор нафар шуд.
XS
SM
MD
LG