Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз тасмими хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа дар Форуми рушди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт, дар сурати аз Афғонистон берун шуданин нирӯҳои эътилофӣ ҳукумати Тоҷикистон маҷбур мешавад, ки хароҷоти марбут ба ҳифозати марзаш бо Афғонистонро зиёд кунад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар он сурат раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти нақлиётӣ ва иҷрои тарҳҳои иқтисодии он ба суботу амният дар Афғонистон бастагӣ хоҳанд дошт.

Дар як гуфтугӯ бо раҳбари Маркази пажӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов аз ӯ пурсидем, хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон барои Тоҷикистон чӣ пайомад дорад?

Сӯҳроб Шарипов: Албатта хуруҷи онҳо таъсири манфӣ дорад. Дар ин ҷода мо танҳо метавонем ҷиддӣ талаб кунем, то ки базаи моддӣ, молӣ ва техникию ҳарбии сарҳадии Тоҷикистонро онҳо мустаҳкам кунанд. Ин вазифаи онҳост ва ин масъулияти онҳост.

Озодӣ: Аз рӯйдодҳое, ки дар давоми соли 2010 мушоҳида шуд, чунин бармеояд, ки баъзе нируҳои тундрав дар Афғонистон аз ҷануб ба шимол роҳ ёфтаанд. Чунин ҳол метавонад гаҳо гоҳе ба вазъи Тоҷикистон низ асар гузорад. Бо назардошти ин баъд аз хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон оё Тоҷикистон дубора даъват кардани марзбонони Русияро дар назар надорад?
Сӯҳроб Шарипов: Мо соли 2005 марзбонони Русияро на барои он гусел кардем, ки баъди 5 соли дигар онҳоро дубора даъват кунем. Ин як. Дуввум ин, ки мо худамон бояд бо нангу номус ҳимоя кардани сарзамини тоҷиконро ёд гирем. Дар ин 5 сол сарҳадбонони тоҷик дар сарҳад таҷрибаи ҷиддӣ ба даст оварданд. Русия кӯмак карда истодааст. лекин ин ҳамкорӣ маънои онро надорад, ки сарҳадбонои Русия бармегарданд.

Озодӣ: Ин сӯҳбатҳо дар Форуми рушди Тоҷикистон садо додаанд. Барномаи рушд ва барномаи фақрзудоӣ дар чӣ ҳол қарор дорад?

Сӯҳроб Шарипов: Аз соли оянда марҳилаи нави кам кардани сатҳи камбизоатиро амалӣ мекунем. Мо кӯшиш мекунем, ки сатҳи камбизоатиро то соли 2015 тахминан то 40 дарсад поён равад. Аз тарафи дигар ҳамаи проблемаҳое, ки барои амалӣ кардани стротегияҳои қабулшудаи Тоҷикистон, яъне стротегияи истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадни Тоҷикистон, ба даст овардани амнияти озуқавории Тоҷикистон равона карда шудааст.

Озодӣ: Шумо ёдоварӣ ардед, ки барои панҷ соли оянда то 40 дарсад поин овардани сатҳои фақр дар назар гирифта шудааст. Аз чӣ роҳе ба ин ҳадаф расидан мумкин аст?

Сӯҳроб Шарипов: Албатта, ҳамаи нақшаҳои ҳукумат дар асоси ҳамкорӣ бо структураҳои бонуфузи байналмиллалӣ амалӣ мешаванд. Коҳиш додани сатҳи фақр пеш аз ҳама рушди саноат, такмил додани усули кор дар хоҷагии қишлоқ, ислоҳот дар ин бахш, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ дар асоси ин гуна ислоҳот ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон низ мумкин аст даҳҳо ҳазор ҷойҳои наи корӣ ба вуҷуд орад. Аз тарафи дигар, чунин кор инфраструктура ё сохтори Тоҷикистонро тағйир хоҳад дод. Ин имконият медиҳад, ки мо то соли 2015 сатҳи камбизоатиро то 40 дарсад поин барем.

Озодӣ: Аз номи худи форум ҳам бармеояд, ки барномаҳо ба рушди Тоҷикистон нигаронида шудааст. Иҷрои барномаҳои рушд ба омилҳои хориҷӣ низ бастагӣ дорад ва Тоҷикистон дар бунбаст қарор дорад. Оё дар ин самт ҳам барои 5 соли оянда барномаҳое дар назар гирифта шудааст?

Сӯҳроб Шарипов: Мо дар ин ҷода барномаҳои ҷиддӣ дорем. Дар баромади президент ёдоварӣ шуд, ки Тоҷикистон дар ду соли оянда аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарояд. Мо ба чаҳор тарафи ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои мошингард ва аҳанро сохта муҳайё месозем, ки Тоҷикистон барои воридот ва содироти молҳои стротегӣ пойбанди танҳо як роҳ набошад.
XS
SM
MD
LG