Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибеки Мурод, овозхони поп ё эстрадии тоҷик, бо имзои як қарордоди сесола бо маркази продюсерии “Союз”– и Маскав ба пахши сурудҳояш дар Русияву Аврупо роҳ кушод.

Ин марказ ҳамчунин сабту навор ва албоми сурудҳои Ҷонибекро дар кишварҳои аврупоиву муштаракулманофеъ ба фурӯш мегузорад.

Зимнан, гулчини сурудҳои Ҷонибеки Мурод твавассути сайти интернетии Tophit.Ru дар 100 радиои кишварҳои Русияву СНГ пахш мегардад.

Ҷонибек фарзанди овозхони маъруфи тоҷик - Ҷӯрабеки Мурод аст, ки маъруфият ва маҳбубияти бештарро дар сафари ҳунариии соли гузаштааш ҳамроҳи Шабнами Сурайё ва Баҳром Ғафурӣ ба кишварҳои Аврупову Амрико касб кард.

Ин се ситораи ҳунари овозхонии эстрадии тоҷик дар Aмрико соҳиби ҷоизаи BIG APPLE MUSIC AWARD шуданд. Баъд аз шунидани ин паёми хуш ба Ҷонибек занг зада, ӯро дар Тошканд сари сабти сурудҳои нав ҳамроҳи гурӯҳи эҷодиаш пайдо кардам. Вай бо вуҷуди тангии вақташ розӣ шуд бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад.

Суоли нахуст аз Ҷонибек ин буд, ки оё пахши сурудҳояш дар Русияву аврупо шурӯъ шудааст?

Ҷонибек: -Шукри худо, имрӯзҳо пахши сурудҳоямро дар радиёву телевизионҳои на танҳо дар Афғонистону Эрон ва Узбакистон, балки дар Русияву бархе кишварҳои СНГ, масалан Молдова сар карданд. Аз ин рӯ рӯз то рӯз даъвати гурӯҳи эҷодии мо ба кишварҳои хориҷӣ барои анҷоми баргузории консертҳо, меҳмонӣ, иштирок дар ҷашнвораҳо зиё шудааст.

Озодӣ: -Боз ҳам ба тоҷикӣ ва форсиву дарӣ мехонед?

Ҷонибек: -Ҳозир дар маскав як албоми сурудҳои русӣ омода карда истодаем. Аммо ман мехоҳам бисёртар сурудҳои тоҷикӣ, дарӣ бихонам ва мехоҳам маро дар ҷаҳон бо сурудҳои тоҷикӣ шиносанд. Лаҳну усули хосу ширини тоҷикӣ, шарқиёнаро, ки дар вуҷуди мо ҳаст, ғарбиён ҳам меписанданд. Ин барои онҳо зарбу оҳанг ва тарзи сурудхонии нав аст ва хцуш қабул доранд ҳозир. Ҳозир мо тасмим дорем диску албомҳои худро дар кишварҳои СНГ ба фурӯш барорем ва оҳиста – оҳиста ба Аврупову Амрико ҳам роҳ меёбем.

Озодӣ: -Ғайр аз ин, Ҷонибек, бо чӣ фанновариҳои нав сурудҳои худро ба мухлисон тақдим мекунед? Барои онҳое, ки берун аз Тоҷикистон мехоҳанд сурудҳоятонро гӯш, клипҳоятонро тамошо кунанд.

Ҷонибек: -Аз шабакаи ҷаҳонии Интернет истифода мекунам. Аз саҳифаҳои “уоutube”, ‘‘jonibek.com’’ ва садҳо саҳифаҳои дигар. Он ҷо суруду клипҳои мо дастрас аст.

Озодӣ: -Ҷонибек, аз тақдими албоми охиратон дар моҳи сентябр, “Ман на манам, на ман манам” тақрибан 3 моҳ гузашт. Ҳоло албоми наве таҳия мекунед ?

Ҷонибек: -Ҳозир дар Тошканд ҳатсам ва ҳамроҳи гурӯҳи эҷодӣ клипҳои нав сабт карда истодаем. Иншоаллоҳ, арафаи соли нав се клипи нави худро тақдим мекунам. Тӯҳфаи солинавӣ барои мухлисонам.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG