Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъқиби силоҳбадастон идома дорад


Дар кӯҳистони ноҳияи Балҷувони минтақаи Кӯлоб таъқиби силоҳбадастоне, ки рӯзи 1 декабр дар як даргирӣ 3 нафар, бо шумули ду мақоми баландпояи милисаву амнияти маҳаллиро ба ҳалокат расонданд, идома дорад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Мӯъмини Аҳмадӣ, ки дар маҳалли он даргирӣ -мавзеъи Дӯлонамайдон қарор дорад, аз қавли шоҳидон мегӯяд, ин гурӯҳи силоҳбадаст тақрибан 11 нафар буда, ҳадафи онҳо аз ин ҳамла то ҳол рӯшан нашудааст.

Вале ба гуфтаи шоҳидон, якеи онҳо бо гӯиши тоҷикони Афғонистон ва дастикам ду тани дигараш озодона бо тоҷикӣ сӯҳбат мекардаанд.



Ҷалби шикорчиёни Балҷувон ба ҷустуҷӯи силоҳбадастон


Амалиёти вижаи мақомоти интизомии вилояти Хатлон дар ноҳияи Балҷувон барои боздошти силоҳбадастони ношинос то ҳанӯз натиҷа надодааст.

Сангалӣ Нодирхонов, муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Балҷувон гуфт, нерӯҳои интизомӣ бо ҳамроҳии роҳбаладон, ки аз шикорчиёни маҳаллӣ иборатанд, давоми ин ду рӯзи охир тамоми кӯҳӯ ҷангалро ҷустуҷӯ намудаанд, вале нишоне аз он силоҳбадастони пайдо нашудааст.

Оқои Нодирхонов инчунин гуфт, ба кадом самт фирор намудани силоҳбадастон низ маълум нест.


Кӯмак ба хотири осоиштагӣ


Вазъи ба амаломада дар ду рӯзи пеш дар Балҷувон барои сокинон оддӣ ғайриинтизор ва нигаронкунанда будааст. Аз ин рӯ, Савзалӣ Мирзоев, сокини ноҳияи Балҷувон мегӯяд, сокинони ноҳия ба хотири амну осоиштагӣ омодаанд, бо мақомоти қудратӣ ҳамагуна кӯмак намоянд.

Ӯ гуфт: «Мо ба сарбозон маводи озуқаворӣ мебарем. Чун мо ин кӯҳу пуштаро хуб медонем, ба онҳо роҳбаладӣ мекунем. Ба хотире, ки ҳамин Балҷувони мо тинҷ бошад, ба онҳо кӯмак мекунем.»

Ҳарчанд, ҳодисаи задухӯрди мақомот бо силоҳбадастон дар ҳудуди як деҳа ба вуқӯъ пайваста бошад ҳам, аммо ин сокинони тамоми ноҳия таъсир гузоштааст. Сайҳомид, сокини ҷамоати Дектури ноҳия Балҷувон мегӯяд, ҳарчанд, деҳаи онҳо ором бошад ҳам, аммо вазъи ба амаломада боиси ташвиши онҳост.

Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати умури дохилии вилояти Хатлон
Дар ҳамин ҳол, зимни сӯҳбати бидуни микрофон Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон, ки ин амалётро роҳбари менамояд, гуфт, онҳо талош мекунанд, то паи гурези ин афродро рӯшан кунанд.

Қочоқчиён, маҳбусони фирорӣ ё «силоҳбадастони Рашт»?

Ҳанӯз шахсияти ин гурӯҳ маълум нест, аммо як манбаъ аз мақомоти интизомӣ, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, эҳтимол ин гурӯҳи қочоқчиёни афғон бошанд, ки ҳангоми убури роҳи пинҳонии маводи мухаддир дар кӯҳистони Балҷувон раҳгум задаанд. Далели ӯ барои чунин тахмин ин аст, ки силоҳбадастон бо сокинони маҳаллӣ бо лаҳҷаи дарӣ сӯҳбат кардаанд.

Аммо бархе коршиносон тахмин мекунанд, ки эҳтимол ин гурӯҳ фирориён аз маҳбаси муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бошанд.

Бархеи дигар бар инанд, ки шояд силоҳбадастони Рашт бошанд, ки ҳангоми тасмими фирор ба Афғонистон дар ин ҷо мақомот сар ба сар задаанд. Аммо ин ҳама тахмине беш нест.

Даргирии хунин

Рӯзи 1-уми декабри соли равон сокинони деҳаи Дулонамайдони Балҷувон ба мақомот аз афроди силоҳбадасти ношиносе хабар додаанд, ки аз онҳо маводи озуқа пурсидаанд. Ҳангоми расидани мақомоти интизомӣ ин гурӯҳ муқобилият нишон медиҳанд, ки дар паи он се тан аз низомиён кушта шуда, ду низомии дигар бо як сокини маҳаллӣ аз тири силоҳбадастони ношинос ҷароҳат мебардоранд.

Феълан, барои боздошти ин гурӯҳ, кормандони вижаи милисаи вилояти Хатлон сафарбар шудааст. Дар фарози кӯҳҳои Балҷувон як чархболи низомӣ низ чарх мезанад.
XS
SM
MD
LG