Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши эътирозии Иркутск бо ташаббуси Луговой


Дар шаҳри Иркутски Русия аъзои минтақавии ҳизби либерал-демократ дар баробари ҳукумати вилоят раҳпаймоӣ карда ба истеъфои раиси дастгоҳи маҷлиси маҳаллӣ Николай Пушкар даъват ба амал оварданд. Эътирозгарон мегӯянд, ки Пушкар як номаи интиқодӣ аз вазъи сокинони ду деҳаи маҳаллиро аз маҷлис пинҳон кардааст, ки 28 ҳазор аҳолӣ дошта бо мушкилоти марбут ба набуди обу васоили гармидиҳӣ ва кори собит рӯбарӯ ҳастанд. Бахши русии радиои Озодӣ мегӯяд, ки намоиши эътирозӣ бо ташаббуси вакили Дума Андрей Луговой, собиқ ҷосуси КГБ ташкил шудааст, ки аз ҷониби Бритониё дар куштори Александр Литвиненко, собиқ маъмури хадамоти амнияти федеролии Русия дар соли 2006 айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG