Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфтааст, ки кишвар пас аз ду сол Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ берун хоҳад шуд. Ӯ ин матлабро зимни суханронӣ дар форуми рушди Тоҷикистон баён кардааст.

Ӯ гуфт: «Иншооллоҳ тайи ду соли дигар тариқи шоҳроҳҳои Тоҷикистон пурра ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуда, Тоҷикистонро бо тамоми кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Чин ва аз тариқи Афғонистон ба кишварҳои Осиё ва Осиёи Ҷанубӣ ва ба баҳрҳои гарм пайваст хоҳад кард».

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар самти иртиботот бо кишварҳои муштаракулманофеъ аз тариқи Узбакистон мушкили ҷиддӣ дорад ва душвортарин равобитро дар ин замина, ба хусус дар заминаи интиқоли бору коло тавассути роҳи оҳан бо ин кишвари ҳамсоя дар чанд моҳи ахир дорад.

Боздошти беш аз 2 ҳазор вагони бору колои Тоҷикистон аз аввали моҳи феврал дар қаламрави Узбакистон то ҳол аз ёдҳо нарафтааст ва теъдоде ҳам аз ин вагонҳо ҳамчунин дар банд қарор доранд.

Талоши бунёди роҳҳои алтернативӣ

Исмоил Талбаков, вакили парлумони Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки роҳҳои алтернатиҷӣ Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил хоҳад дод
Исмоил Талбаков, узви кумитаи иқтисоди парлумони Тоҷикистон, иқдомҳои ҳукумат барои бунёди роҳҳо ба самти Чину Афғонистонро талоши берун шудан аз муҳосираи иқтисодии Узбакистон арзёбӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд: «Роҳҳои алтернативӣ ҳастанд ва Тоҷикистон метавонад бо бунёди ин роҳҳо кишвари транзитӣ гардад. Бо сохтани ин роҳҳо тиҷорат на танҳо бо ин Чину Афғонистон, балки бо дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Узбакистон низ густариш хоҳад ёфт».

Аммо Амридди Шарипов, устоди бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки дар шароити ҳамзистӣ ва ҳамгироии минтақаӣ ҳукумат набояд роҳ ба самти Узбакистонро сарфи назар кунад.

Ӯ гуфт: «50 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Муштаракулманофеъ аст ва бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи 70-солаи ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ набояд роҳ аз тариқи Узбакистон сарфи назар шавад».

«Аз соли оянда барқро ба Афғонистон хоҳем фурӯхт»

Дар канори берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлоли энержии Тоҷикистон бахши дигари суханронии президент Раҳмонро ташкил дод. Ӯ гуфт, аз нимаи дуюми соли оянда пас аз баҳрабардории хатти баландшиддати 220-киловолтаи Сангтӯда—Пули Хумрӣ содироти нерӯи барқ ба Афғонистон фароҳам хоҳад омад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ғуломиддини Сайфиддин, коршиноси арсаи энержӣ, аз соли 1996 ба ин сӯ нерӯи барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар фурӯхта мешавад. Вай мегӯяд: «Аз зимистони соли 1996 фурӯши барқ ба Узбакистон ва дигар кишварҳо шурӯъ шуд ва аз то ҳол идома дорад. Аҳволи мардум бошад чун пештара аст ва ҳатто Роғунро ҳам созем мушкили бебарқӣ боқӣ хоҳад монд».

Раисиҷумҳур интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро аз ҳисоби тавлиди неругоҳи «Сангтӯда—1», ки дар аввали соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, маншаи ин кор медонад. Ин дар ҳолест, ки ин нерӯгоҳ бо сармояи ҷониби Русия бунёд шуда ва молики он низ Русия аст. Ҳатто ширкати «Барқи Тоҷик» низ барои истифодаи неруӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ ҳамакнун маблағи 30 миллион доллар қарздор аст.

Дар интизории бунёди нерӯгоҳи Роғун

Аз сӯи дигар соҳибназарон бар ин боваранд, ки Тоҷикистон танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун метавонад ба истиқлоли энержӣ даст ёбад ва аз ин тариқ нерӯи барқи изофии худро мустақилона ба кишварҳои ҳамсоя бифурӯшад.

Ҳарчанд дар фасли тобистон ба иллати тавлиди неруи барқи изофӣ як миқдор аз он ба кишварҳои ҳамсоя содир карда мешавад. Аммо мардуми Тоҷикистон дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба камбуди неруи барқ мувоҷеҳ ҳастанд ва ин шабу рӯз дар бархе аз ноҳияҳои кишвар дар шабонарӯз ҳудуди даҳ соат неруи барқ дода мешавад. Маҳдудияти неруи барқ дар Тоҷикистон аз соли 1996 шурӯъ шӯда ва то кунун идома дорад.

Нигаронии Раҳмон аз густариши терроризм

Президент Раҳмон дар форуми рушди Тоҷикистон ҳамчунин аз густариши терроризм, ифротгароии мазҳабӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ бо ишора ба тасмими НАТО дар бораи берункашии батадриҷи нирӯҳои эътилофи зиддитеррор аз Афғонистон бар зарурати тақвияти марзи кишвараш бо Афғонистон таъкид кард.

Ӯ гуфт: «Бояд нақша ва чорабиниҳое барои ҳифзи сарҳад дар ҷиҳати таъмини таҷҳизоти фаннӣ ва кумакҳои молӣ тартиб дода шавад ва тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бояд дар мадди назар бошад».

Ба ин тартиб бештари соҳибназарон таъмини суботу амният дар минтақаро на танҳо омили рушди иқтисодии Тоҷикистон, балки дар маҷмӯъ минтақаи Осиёи Марказӣ медонанд. Ба таъкиди масъулони давлатӣ ва бархе аз иқтисоддонон, маҳз оромиву осудагӣ дар ниҳоят ба коҳиши мизони камбизоати дар Тоҷикистон сабаб шуда ва тибқи омори расмӣ ҳолосатҳи камбизоатӣ дар кишвар 49 дарсадро ташкил медиҳад, ки интизор меравад, то соли 2012 ба 42 дарсад расонда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG