Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтимол ҷангиёни Балҷувон қочоқчиёни афғонанд


Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, дар паи ду рӯзи амалиёти нирӯҳои интизомии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон ҳамоно ҳеҷ нафар аз аъзои гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ боздошт ё нобуд нашудаанд. Шоми 1 декабр гурӯҳи номаълуми ҷангиёне дар мавзеи Дӯлонамайдони Балҷувон бо сохторҳои ҳифзи тартибот вориди даргирӣ шуда дар натиҷа чаҳор корманди милисаву сохторҳои амниятиро кушта бар ҷой гузоштанд. Инчунин рӯзи ҷумъа маълум шуд, ки ҷангиён бо тири автомат як навраси мактабхонро маҷрӯҳ кардаанд. Сокинони маҳаллӣ ҷангиёни дар деҳот вохӯрдаро чун мардони тоҷики ношиносе ёд кардаанд, ки “ришҳои дароз ва силоҳ доштаанд”. Вале хабарнигори радиои Озодӣ Мӯъмин Аҳмадӣ чунин гузориш медиҳад:

“Ҳанӯз шахсияти аъзои ин гурӯҳ маълум нест. Аммо як манбае дар сохторҳои интизомӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, эҳтимолан онҳо қочоқчиёни афғон ҳастанд, ки ҳангоми убури роҳи пинҳонии қочоқи маводи мухаддир дар кӯҳистони Балҷувон раҳгум задаанд. Далели ӯ ин аст, ки ин афрод бо сокинони маҳаллӣ ба забони дарӣ гап задаанд”.

Хабарнигори Озодӣ гуфт, ки дар бораи вуҷуди гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ ба сохторҳои ҳифзи қонун сокинони маҳаллӣ хабар дода гуфтаанд, ки онҳо аз манзилҳои мардуми маҳал ғизо дархост кардаанд. Рӯзи ҷумъа вазъ дар Балҷувон орому сокит ва таҳти назорати нирӯҳои амниятӣ буд.
XS
SM
MD
LG