Пайвандҳои дастрасӣ

Расидагӣ ба сарнавишти донишҷӯёни баргашта


Мақомоти Қӯрғонтеппа рӯзи ҷумъа бо донишҷӯёни аз кишварҳои исломӣ баргардонидашуда ва ҳам волидони онҳо дидору мулоқот доир намуданд. Азия-Плюс аз қавли дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон менависад, ки ин мулоқот бо мақсади дар донишгоҳҳои маҳаллӣ ҷо кардани ҷавонҳои аз хориҷа баргашта ташкил шудааст. Муҳассилони собиқи мактабҳои исломии хориҷӣ дар сӯҳбат бо мақомот дар бораи мушкилоташон, ки баъди бозгашт рӯбарӯ шудаанд, хабар додаанд. Бар тибқи иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон тирамоҳи имсол беш аз як ҳазор ҷавони муҳассили мактабҳои исломии кишварҳои хориҷӣ, асосан Покистон, Эрон ва Миср баргардонида шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG