Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табдили домейни Wikileaks.org ба Wikileaks.ch


Сомонаи ҷанҷолбарангези Викиликс (Wikileaks) баъди ҳамлаҳои ҳакер ё харобкорҳои интернетӣ маҷбур шуд домейни худро аз амрикоӣ ба швейсарӣ табдил кунад. EveryDNS, як домейн бо пахши изҳороте гуфт, ки баъди чандин ҳамлаи интернетӣ болои Wikileaks.org ва таҳдид ба масдудшавии ним миллион сайти дигари марбут ба шабакаи ин провайдер қарор шуд исми он аз шумори муштариёни ин домейн бардошта шавад. Ҳоло сайти Викиликс дар сервери Bahnhoff зери номи Wikileaks.ch дастрас аст.
XS
SM
MD
LG