Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сузуки ва Ҳабибуллоев - сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев

Федеросиюни футболи Тоҷикистон Чикаши Сузуки, мутахассиси 51-солаи ҷопониро, сармураббии дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таъин кард.

Вай дар ин вазифа Зоир Бобоевро, ки пас аз нокомии дастаи наврасони кишвар дар сабқати қаҳрамонии Осиё ба истеъфо рафт, иваз намуд.

Нӯъмон Юсуфов, мураббии дастаи кӯдакону наврасони «Алмосӣ», ва Амоншо Саодатсайров, дарвозабони тими «Истиқлол»-и Душанбе, ёварони Чикаши Сузуки таъин шуданд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, хабар дод.

Ба иттилои Шералӣ Давлатов, инчунин, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ба симмати сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон таъин шуд.

Вай дар ин вазифа Алиёр Ашӯрмамадовро иваз кард. Воқеъан, Ашӯрмамадов моҳи декабри соли 2009-ум сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонон таъин шуда буд. Вале дар муддати як сол мунтахаби ҷавонони кишвар бо роҳбарии ӯ ягон бозӣ анҷом надодааст.

Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ҳамчунин, Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро ёвари Пӯлод Қодиров, сармураббии тими мунтахаби миллии Тоҷикистон, таъин кард.
XS
SM
MD
LG