Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти "яке аз раҳбарони" Ҳизб-ут-таҳрир


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон иддао доранд, ки раҳбари эҳтимолии як гурӯҳи ситезаҷӯи Ҳизб-ут-Таҳрирро дар вилояти Суғд боздошт кардаанд. Тибқи иттиҳоми полис, нафари рӯзи ҷумъа боздоштшуда Толиб Очилови 64-сола, сокини ноҳияи Айнӣ буда, ба ҳайси “раҳбари ячейка”-ҳои Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масъули пахши шабномаҳо ва дигар варақаҳои таблиғотии Ҳизб-ут-Таҳрир будааст. Нисбати ин нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар хабари дигар, оҷонсии Азия-плюс аз қавли раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯяд, ки дар Истаравшан як муттаҳами фаъоли ҳаракати исломии Ӯзбакистон, Дилшод Раҳимови 23-сола боздошт шудааст. Бар тибқи иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, дар давоми ду ҳафтаи ахир дар вилояти Суғд 15 нафар бо иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳи мазҳабии мамнӯъ боздошт шуданд. Вале фаҳмидани ҷузъиёти ин хабар аз роҳи манобеи мустақил ғайриимкон аст.
XS
SM
MD
LG