Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 қурбонии нави сардиҳо дар Полша


Мақомоти Полша гуфтанд, ки дар шаби гузашта дар ин кишвар 12 нафар даргузашта куллан шумори қурбониҳои сардиҳои се рӯзи охир ба 30 нафар баробар шудааст. Инчунин, имрӯз манзилҳои 150 ҳазор сокини шаҳри ҷанубии Ченстохова бидуни васоили гармидиҳӣ мондааст. Мегӯянд, ки маъмулан афроди бехонаву дар, маризон ва кӯчагардон қурбони аввали сардиҳои шадиди зимистон дар Полша мешаванд. Аксар шаҳрҳои аврупоӣ имсол бо сабаби боришоти аз ҳад беши барф ва сардиҳои зери дараҷаи сифр бо мушкилоти марбут ба ҳаракати мошинҳо ва масдудшавии роҳҳо рӯбарӯ шудаанд.
XS
SM
MD
LG