Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоиши босуръаттарин қатор дар Чин


Матбуоти давлатии Чин менависанд, қатори мусофирбари нави босуръате, ки бояд тоза ба ҳаракат дарояд, дар паи озмоиш рекорди нав гузошт. Ин қаторе, ки ба таври таҷрибавӣ аз Пекин ба Шангҳай ҳаракат кард, дар як соат 486 километрро тай кард. Хабаргузории Синҳуа мегӯяд, ки ин қатори босуръаттарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Қарор аст, ин роҳи нави оҳан соли 2012 ба кор дарояд ва масофаи роҳи кунунии байни Пекин то Шангҳайро ду баробар кам карда то панҷ соат расонад. Қимати ин тарҳи нав 32,5 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Чин мегӯяд, ки тӯли ин роҳи нави оҳан соли 2012 - 13 ҳазор километрро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG