Пайвандҳои дастрасӣ

Путин аз пирӯзии Русия дар қуръакашӣ ҳимоят кард


Нахуствазир Владимир Путин гуфт, ки Русия муборизаи шадидро барои мизбонии ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2018 ба таври одилона бурдааст. Путин ҳама айбмониҳои қаблиро дар заминаи фасодзада будани ниҳоди раҳбарикунандаи ФИФА рад кард. Вай ахиран баъди анҷоми қуръакашӣ барои интихоби Русия ба унвони мизбони ин бозиҳо вориди Тсюрих шуд ва гуфт:

“Шумо ба ҳарфи ман бовар кунед, ки бозиҳои соли 2018 ҷоми ҷаҳонӣ дар сатҳи баландтарин баргузор хоҳанд шуд. То он вақт навтарин бошгоҳҳои варзишӣ бо беҳтарин сифат бунёд хоҳанд шуд”.

Путин гуфт, дар ҳоле, ки довталабҳои кишварҳои аврупоӣ бино ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиашон наметавонанд ба ин бозиҳо омода шаванд, Русия бо нишондодҳои афзояндаи иқтисодиву захираҳои калони тиллояш тавони баргузории ин мусобиқаи муҳими ҷаҳониро дорад. Соли 2014 Сочии Русия бозиҳои зимистонаи олимпиро мизбонӣ хоҳад крад.
XS
SM
MD
LG