Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Раҳмон аз хориҷшавии НАТО аз Афғонистон


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки тасмими НАТО дар Лиссабон оид ба берункашии батадриҷи нирӯҳои эътилофи зиддитеррор аз Афғонистон дар солҳои баъдӣ наметавонад мояи нигаронии Тоҷикистон набошад. Ин тасмими НАТО дар нишасти гузаштаи ин ниҳод дар Лиссабон садо дод, ки моҳи ноябр баргузор шуд. Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми рушди ҷумҳурӣ дар Душанбе гуфт, ки дар сурати аз хоки Афғонистон берун шуданин нирӯҳои эътилофӣ ҳукумати Тоҷикистон маҷбур мешавад, ки хароҷоти марбут ба ҳифозати марзаш бо Афғонистонро зиёд кунад. “Дар шароити кунунӣ ин барои будҷаи кишвар хеле гарон аст”, гуфт ӯ. Вай афзуд, ки дар ин масъала бояд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ, Русия ва Аврупо андеша кунанд, чунки нирӯҳои тоҷик на танҳо амнияти худ, балки амнияти ин кишварҳоро низ аз таҳдиди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳимоят мекунад.
XS
SM
MD
LG