Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Карзай дар номаи дипломати амрикоӣ


Тибқи гузоришҳо, фиристодаи Амрико дар Афғонистон президент Ҳомид Карзайро як раҳбари “заъиф”, “ҳазёгӯй” ва “аз ҳад беш аз худ розӣ” сифат додааст, ки шояд ҳеҷ гоҳ аз танқиди Амрико даст намекашад. Чунин ташреҳи бисёр хусусии дипломати амрикоӣ Карл Эйкенберрӣ аз санадҳои ахиран тавассути шабакаи Викиликс чопшуда бармеояд. Дар як номаи боз Эйкенберрӣ Карзайро дар ғасби “принсипҳои аслии сохтори давлатӣ” айбдор карда мегӯяд, ки фасод ба як низоми оддии кори ҳукумати ӯ табдил шудааст. Дар ин санади дипломати амрикоӣ гуфта мешавад, ки аз миёни аъзои кабинаи нави Карзай танҳо вазири кишоварзӣ шахсест, ки дар фасод бадном нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG