Пайвандҳои дастрасӣ

Ваҳшати Муборак аз Эрон дар асноди WikiLeaks


Дар сурати соҳиби силҳои ҳастаӣ шудани Эрон Миср бидуни таъхир ба таҳияи барномаи ҳастаии худро шурӯъ хоҳад кард. Дар як барқияи дипломатии амрикоӣ, ки аз сӯи сомонаи WikiLeaks нашр шуд, ин гуфтаҳои раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак дар долонҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Шарм-ул-Шайх оварда шудааст. Дар ин барқия, ки моҳи майи соли 2008 ирсол шудааст, дигар гуфтаи Ҳуснӣ Муборак ҳам ҳаст, ки “аз имкони дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ҳама Ховари Миёна ба даҳшат меуфтад”.
Ин ҳафта сомонаи WikiLeaks беш аз 250 ҳазор асноди сиррии вазорати умури хориҷаи Амрикоро ифшо сохт.
XS
SM
MD
LG