Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасмими ФИФА Русияро водор ба масъулшиносӣ мекунад


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки тасмими ФИФА - Федератсиони байнулмилалии футбол барои доир намудани бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Русия ҳам кишвар ва ҳам дастаи мунтахаби футболи кишварро водор ба масъулшиносӣ мекунад. Тасмими ФИФА шоми рӯзи панҷшанбе эълон шуд. Владимир Путин, сарвазири Русия, барои изҳори сипос ба аъзои кумитаи иҷроияи ФИФА, ба Сюрих сафар кард. Дар робита ба тасмими ФИФА ӯ гуфт, ки мизбонии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол “маънои рушди сохторҳои варзишӣ ва роҳу нақлиёт барои кишварро дорад, сохторҳое, ки аз онҳо на фақат футболбозон, мухлисони варзишу футбол, балки ҳама шаҳрвандони Русия истифода хоҳад бурд”.
Барои мизбонҳои бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол ба ҷуз Русия ҳамчунин Бритониё ва Белгияву Ҳуланд ва Испанияву Португалия талош карданд.
ФИФА ҳамчунин тасмим гирифт, ки бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022 дар Қатар баргузор шавад. Барак Обама аз тасмими ФИФА изҳори таассуф кард, зеро Иёлоти Муттаҳида аз довталабони аслии мизбонии ин бозиҳо маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG