Пайвандҳои дастрасӣ

WikiLeaks: 10 миллион доллар ришва барои курсии президент


Намояндаи аршади Ҳизби коммунисти Молдова номаи ифшокардаи Викиликсро дар бораи он ки раҳбари ин ҳизб, Владимир Воронин барои ҳифзи курсии раисиҷумҳури кишвар пас аз интихоботи моҳи июл ба раиси Ҳизби демократ Мариан Лупу 10 миллион доллар ришва пешниҳод кардааст, рад намуд ва онро "як афсона" номид. Марк Ткачук дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ ин номаи Сафорати Амрико дар Кишинёвро ҳамчунин "ғайримантиқӣ" унвон кард. Як намояндаи ҳамсанг аз Ҳизби демократ низ ин иттилоъро рад кардааст. Маводи Викиликс ҳамчунин дар рӯзномаи фаронсавии "Монд" низ ба табъ расидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG