Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2018 дар Русия барпо мешавад


Федерасиюни байнулмилалии футбол, ФИФА, эълон кард, ки бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар солҳои 2018 дар Русия баргузор мешаванд. Пешниҳоди муштараки Испанияву Португалия ва Ҳолланду Белгия дар ҷаласаи ФИФА, имрӯз дар Сюрихи Швейтсария пуштибонӣ пайдо накард. Иёлоти Муттаҳида, Қатар, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия барои имтиёзи мизбонии бозиҳои ҷоми ҷаҳонӣ дар соли 2022 сабқат карданд ва Қатар пирӯз гашт.
XS
SM
MD
LG