Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсифи Ҳилларӣ Клинтон аз низоми нави Қирғизистон


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА ва Роза Отунбаева, раисиҷумҳури Қирғизистон
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА ва Роза Отунбаева, раисиҷумҳури Қирғизистон

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мегӯяд, Қирғизистон собит намуд, ки дар ин кишвари Осёи Марказӣ низоми демократиии парлумонӣ қобили ҳаёт аст.

Номбурда ҳамчунон ба мақомоти Қирғизистон ба хотири мизбонии пойгоҳи ҳавоии амрикоӣ ибрози сипос кард. Умуман дар барномаи сафари хонум Клинтон ба Осиёи Марказӣ, ки аз ширкати дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Остона оғоз ёфта, бо зиёрат аз Қирғизистон идома кард, ҳамчунон боздид аз Узбакистон мадди назар аст.

Рӯзи панҷшанбе дар Бишкек дар ҷараёни як нишасти муштараки матбуотӣ бо президенти Қирғизистон Роза Отунбоева Клинтон афзуд: “Афроди зиёде таъкид мекунанд, ки демократияи воқеии парлумонӣ дар Осиёи Марказӣ ва бисёр минтақаҳои дигари олам қобили ҳаёт нест. Мо ин иддаоро рад мекунем, зеро Қирғизистон собит кард, ки қобили ҳаёт ҳаст.”

Клинтон илова кард, ки демократия, ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандии намоён ба таҳкими чунин низоми давлатдорӣ кумак мерасонанд.

Нахустин низоми парлумонӣ дар Осиёи Миёна

Сафари Клинтон ба Қирғизистон дар замоне сурат мегирад, ки дар интихоботи парлумонии ин кишвар ягон ҳизб ба пирӯзии комил муваффақ нашудаву ҳукумати оянда аз аъзои ду ҳизби пешсаф: Ҳизби сотсиал-демократ ва ҳизби Ота-Макон таъсис хоҳад ёфт.

Дар натиҷаи интихоботи парлумонии 10-уми октябр қудрат аз президент ба сарвазири Қирғизистон мегузарад. Ин интихобот дар паи барканоршавии президенти ин кишвар Қурмонбек Боқиев ба вуқӯъ пайвастааст.

Моҳи апрел дар натиҷаи ошӯбҳои мардумӣ, ки боиси фавти даҳҳо нафар гардид, Қирғизистон ноором шуд. Моҳи июн бар асари бархӯрдҳо миёни узбактаборону қирғизҳои манотиқи ҷанубии Қирғизистон беш аз 400 каси дигар ба ҳалокат расиданд.

Изҳори ҳамдардии Клинтон ба мардуми қирғиз

Дар нишасти матбуотӣ Клинтон ба мардуми Қирғизистон ва афроде, ки дар нооромиҳои ахири ин кишвар хешу ақраборо аз даст додаанд, таъзияву ҳамдардӣ баён кард. Вале сарфи назар аз интихобот ва ҳаракат дар самти бунёди демократияи парлумонӣ Қирғизистон то ҳол ором нашудааст.

Рӯзи 30-уми ноябр таркиш дар маркази Бишкек камаш се нафар-ду афсари полис ва як ҳамшираи шафқат маҷрӯҳ шуданд. Як рӯз пеш аз он мақомоти қирғиз дар вилояти Ӯш маводи тарканда кашф намуда, нуф нафарро бо иттиҳоми тарҳрезии ҳамлаи террористӣ ба ҳабс гирифтанд.

Ишора ба нақши муҳими пойгоҳи Манас


Дар идомаи нишасти матбуотӣ хонум Клитон нақши муҳими пойгоҳи ҳавоии Манаси Қирғизистонро қадрдонӣ кард. Дар ҷавоб президенти Қирғизистон хонум Отунбоева изҳор намуд, ки сарнавишти минбаъдаи ҳузури нерӯҳои эътилоф дар пойгоҳи Манас аз тарафи ҳукумати ояндаи Қирғизистон ҳал хоҳад шуд.

Дар паи зиёрати Узбакистон хонум Клинтон озими Баҳрайн хоҳад шуд ва он ҷо дар нишасти байналмилалӣ бахшида ба таҳкими амнияти минтақаи Халиҷ ширкат хоҳад варзид. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин нишаст Клинтон рӯзи ҷумъа ва вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ рӯзи шанбе суханронӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG