Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Э. Раҳмон аз монеаҳои транзит дар Осиёи Марказӣ


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз вазъи интиқоли транзитии бор ва дастрасӣ ба молу хадамот дар Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кард. Вай дар нишасти сарони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гуфт, бархе аз аъзои ин созмон бо вуҷуди ӯҳдадориҳои байнулмилалияшон дар мусоидат ба рушди равобит ва тиҷорати фаромарзӣ баракс дар гардиши бору коло аз тариқи транзити байнулмилалӣ дар роҳҳои оҳан ва мошингард ва дар интиқоли нерӯи барқу газ ба Тоҷикистон монеаҳои сунъӣ ба вуҷуд меоранд. Манзури раисиҷумҳури Тоҷикистон мушкилест, ки аз аввали соли равон дар байни Узбакистон ва Тоҷикистон ба миён омадааст. Узбакистон аз интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон саркашӣ кард ва ҳам садҳо вагони самти Тоҷикистонро дар қаламрави худ боздошта, бо таъхирҳои тӯлонӣ иҷозаи гузар додааст. Узбакистон ин ҳолро ба мушкили фаннӣ бастагӣ медиҳад.
XS
SM
MD
LG