Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Узбакистон аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо


Вазири умури хориҷии Узбакистон, Владимир Норов, Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро танқид кард, ки натавонистааст, аз рӯйдодҳои ногувори моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон пешгирӣ кунад ва ба ҷабридагон кӯмакҳои саривақтӣ расонад. Дар рӯзи ниҳоии нишасти сарони кишварҳои узв дар Остона, пойтахти Қазоқистон, Норов гуфт, кумиссюни таҳқиқи ин рӯйдодҳо низ на ба САҲА ва на ба СММ рабт надорад ва маълум нест, хулосаҳои онро кӣ баррасӣ хоҳад кард. Вай афзуд, то замоне ки гунаҳкорони фоҷиа ҷазо набинанд, имкони такрори он боқӣ хоҳад монд. Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов аз ширкат дар нишасти сарони САҲА худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG