Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маҷалаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин ва ҷамъбасти мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон нақл мекунем.

Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин, ки бо ширкати беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора баргузор шуд, ба анҷом расид. Дар ин бозиҳо дар ҳисоби умумидастаӣ Чин ҷои аввалро касб кард. Мизбонон 416 медал гирифтанд, ки 199-тоаш нишони тиллоист.

Тоҷикистон бо касби чаҳор медал – 1 нишони тилло ва 3 нишони биринҷӣ дар байни 36 кишваре, ки соҳиби медалҳо шуд, дар ҷои 28-ум қарор гирифт.

Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ беш аз 60 варзишгари тоҷик дар 16 намуд иштирок кард. Вале оқои Ҷӯраев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки варзишгарони тоҷик дар бисёр навъҳои варзиш ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил нашуданд.

Дилшод Назаров
Маҳмуди Абдуллоҳ, коршиноси соҳа, зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, яке аз иллати нокомии варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ ин маблағгузории нокифоя ва ширкати ками намояндагони кишвар дар мусобиқоти байнулмилалӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик дар панҷ давраи Бозиҳои осиёӣ ҳамагӣ 16 медал- 3 тилло, 2 нуқра ва 11 нишони биринҷӣ ба даст оварданд. Вале натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар беҳтар буд. Чаҳор сол пеш дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Доҳа бо касби 4 медал – 2 нишони тилло ва 2 нишони биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои 24-ум қарор гирифта буд, ки ин натоиҷи беҳтарини варзишгарони тоҷик шурӯъ аз соли 1994 то имрӯз дар Бозиҳои осиёӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин барнома, инчунин, дар бораи ҷамъбасти мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ иттилоъ медиҳем. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо 84 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва соҳиби медалҳои тилло шуд. Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки аз рақиби аслиаш 13 имтиёз камтар гирифт, мисли мусобиқоти соли гузашта бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони порсолаи Тоҷикистон, имсол ҷои саввум ва медалҳои биринҷиро соҳиб гашт. Юсуф Рабиев, капитани дастаи “Истиқлол” бо 30 гол беҳтарин нишонзани мусобиқоти имсола гардид.

Тими "Истиқлол" баъд аз пирӯзӣ
Мусобиқоти Лигаи олӣ имсол бо ширкати 9 даста дар чаҳор давра баргузор шуд ва ва ҳар як даста 32 бозӣ анҷом дод. Аҳлиддин Турдиев, сармураббии дастаи “Энергетик»-и Душанбе, аз афзоиши шумораи бозиҳо изҳори қаноатмандӣ кард.

Вале ба гуфтаи ҳамсӯҳбати дигари мо Мирзо Маҳмадҷонов, мутахассиси варзидаи футбол, вазъи аксари варзишгоҳҳои Тоҷикистон ба талабот ҷавобгӯ нест. Оқои Маҳмадҷонов, ҳамчунин, таъкид сохт, ки футбол ҳамчун риштаи аввали варзиш дар Тоҷикистон ба кӯмаку ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҳукумати кишвар ниёз дорад.

Ҳамзамон мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал ба анҷом расид. Тими Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ки дар 26 бозӣ 62 имтиёз ба даст овард, соҳиби медалҳои тилло гардид. Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки бо 55 имтиёз мақоми дуввумро касб кард, бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Дастаи «Шодмон»-и Ҳисор, ки бо 54 имтиёз дар ҷои саввум қарор гирифт, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ҳамин тариқ, мавсими имсолаи футбол дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Дастаҳои лигаҳои олӣ ва аввали кишвар ба таътил баромаданд.
Дар ин барнома нахуст ба шунавандагон хабарҳои тозаи варзишӣ пешкаш мешавад.

ФИФА – Федеросиюни байнулмилалии футбол муддаиёнро ба ҳайати тими мунтахаби рамзии ҷаҳон эълом кард. Дар рӯйхат номи 55 бозигар сабт шудааст, ки танҳо 11 нафарашон ба дастаи мунтахаби беҳтарин бозигарони сол шомил мешаванд. ФИФА дар маросими супурдани «Тӯби тиллоӣ-2010», ки 10-уми январи соли оянда дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор мешавад, мунтахаби соли 2010-умро эълом хоҳад кард.
50 ҳазор футболбози ҳирфаӣ аз тамоми ҷаҳон бо овоздиҳии пинҳонӣ 11 нафар беҳтаринҳо: дарвозабон, чаҳор ҳимоятгар ва сенафарӣ нимҳимоятгару ҳамлагарро интихоб мекунанд. Ба рӯйхати 55 муддаӣ аз ҳама бештар – 10 намояндаи Испания дохил аст. Нӯҳ нафар аз Бразил, 8 нафар – Аргентина, 6 нафар – Инглистон, 4 нафар – Олмон, сенафарӣ аз Италия ва Ҳолланд, 2 нафар аз Португол мебошанд. Кишварҳои дигарро якнафарӣ намояндагӣ мекунанд.
Дар рӯйхати муддаиёни «Тӯби тиллоӣ-2010», ки ФИФА ва маҷаллаи фаронсавии «France Football» эълон кардаанд, 23 футболбоз номбар шудааст, ки байни онҳо Хаби Алонсои испанӣ, Криштиану Роналдуи португолӣ, Месут Озили олмонӣ, Лионел Мессии аргентинӣ ва дигарон ҳастанд. Барандаи «Туби тиллоӣ» бар асоси назархоҳии капитанҳо ва сармураббиёни тимҳои мунтахаби миллӣ, инчунин, овоздиҳии намояндагони расонаҳои хабарии футболи кишварҳои гуногун муайян хоҳад шуд.
Дар пойтахти Малайзия - шаҳри Куала-Лумпур маросими ботантана супурдани ҷавоизи Конфедеросиюни футболи Осиё ба беҳтаринҳои соли 2010-ум доир гашт ва 21 ҷоизаи футболи Осиё ба соҳибонашон тақдим шуд. Саша Огненовски, ҳимоятгари 31-солаи бошгоҳи футболи «Соннам Илва Чунма»-и Кореяи Ҷанубӣ ва тими мунтахаби Австралия, беҳтарин футболбози қора дар соли 2010-ум эътироф шуд. Ҳамватани ӯ Катрин Гилл беҳтарин футболбози қора миёни занон гардид. Равшан Ирматови узбакистонӣ барои бори саввум паиҳам довари беҳтарини Осиё дониста шуд. Инчунин мунтахаби Ҷопон - беҳтарин тими миллӣ, Такеши Окадаи ҷопонӣ - беҳтарин мураббӣ, «Соннам Илва Чунма»-и Куриёи Ҷанубӣ - беҳтарин бошгоҳи футбол бо ҷавоизи Конфедеросиюни футболи Осиё сарфароз гардиданд.

15-уми декабр дар Юнон сабқати ҳарсолаи футбол бо номи «Бозӣ алайҳи камбизоатӣ» баргузор мешавад. Ду сафири иродаи неки Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид - ситораҳои футболи ҷаҳон Роналдо ва Зидан эълом карданд, ки даромади аз ин бозӣ бадастомада ба маблағгузории барномаи кӯмак ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар Гаити ва Покистон равона карда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG