Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози баҳси Эрон дар Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ


Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ имрӯз дар Вена ҷаласаи дурӯзаи худро дар бобати барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон оғоз кард. Ҷаласаи шӯрои ин бунгоҳ, ки 35 кишвар ба он шомиланд, се рӯз пеш аз гуфтушуниди Эрон бо гурӯҳи 5 бар изофаи 1, яъне 5 узви доимии Шӯрои амният бо илваи Олмон, ҷараён мегирад. Қарор аст, пас аз 8 соли таҳқиқи барномаи ҳастаии Эрон, бунгоҳи байнулмилалӣ ҳоло хулоса кунад, ки ин барнома оё мутобиқи эъломияҳои Теҳрон комилан сулҳомез аст ё зери пӯшиши он талоши дастёфт ба силоҳи ҳастаӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG