Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Ҳилларӣ Клинтон аз Қирғизистон


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, имрӯз дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, бо мақомоти аршади ин кишвар, аз ҷумла раисиҷумҳур Роза Отунбоева, мулоқот кард. Қирғизистон, пас аз барканории Қурманбек Боқиев дар моҳи апрели соли равон, дар ҳоли табдил шудан ба нахустин кишвари порлумонӣ дар минтақа аст. Аввали ин ҳафта порлумони тозаинтихоби кишвар дар мавриди ҳукумати эътъилофӣ ба тавофуқ расид. Аммо мушкилот идома дорад, аз ҷумла нерӯҳои амниятии Қирғизистон бо ситезаҷӯёни исломӣ дар ҳоли даргириянд.
XS
SM
MD
LG