Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни нишасти сарони САҲА дар Остонаи Қазоқистон


Нишасти сарони кишварҳои узв дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Остона имрӯз бо тасвиби як барномаи кор ба поён расид. Дар рӯзи аввали ҷаласа вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, аз 56 узви созмон даъват кард, дар Афғонистон иқдоми бештаре кунанд, зеро, ба гуфтаи ӯ, ҷанги зидди Толибон имтиҳони қатъияти Созмони амният ва ҳамкории Аврупост. Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, гуфт созмон дар ҳоли бохтани тавонмандиҳои худ аст ва ин ҳол бояд ислоҳ гардад. Қазоқистон, ки мизбони нишасти сарон буд, аввалин кишвари Шӯравии собиқ аст, ки дар 11 соли охир раёсати Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро дар зимма дорад ва нахустин бор ин нишаст дар як кишвари Шӯрави пешин баргузор гардид. Аммо баъзеҳо ин ҳолро бо назардошти вазъи бади ҳуқуқи башар дар Қазоқистон зери суол гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG