Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Узбакистон ба қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон


Узбакистон таҳдид кардааст, ки агар Тоҷикистон 1 миллиону 600 000 доллар қарзашро напардозад, аз гази Узбакистон комилан маҳрум хоҳад шуд. Ширкати "Тоҷиктрансгаз"-и Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳушдорро дарёфт кардааст, аммо дар он охирин мӯҳлати пардохти қарз тазаккур наёфтааст. Мақомоти Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ гуфтушунид доранд, то аз он 5 миллион доллар қарз дарёфт кунанд. Бо вуҷуди он ки Узбакистон мунтазам интиқоли газ ба Тоҷикистонро коҳиш медиҳад, Тошканд ҳамчунин аз сиёсатҳои Тоҷикистон норозист, махсусан дар робита ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG