Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти муассисони ҳизби нав дар Узбакистон


Полиси Узбакистон наздик ба 15 нафарро, ки дар ҷамъомади таъсиси як ҳизби нави сиёсӣ ширкат карданд, боздошт ва бозпурсӣ кардааст. Онҳо аз рӯи аксе боздошт шуданд, ки торнамои "Фарғона.ру" аз ҷаласаи муассисони Ҳизби манфиатҳои миллии Узбакистон дар ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд нашр кардааст. Адвокати саршинос, Рӯҳиддин Комилов, номзадҳои собиқ дар интихоботи президентӣ, Абдулло Тоҷибой уғлӣ ва Ҷаҳонгир Шоҳсалимов ва ҳамчунин ҳақидаҳои онҳо дар робита ба ташкили ин ҷаласа ҳушдор расмӣ гирифтанд. Комилов аз муҷаввизи адвокатӣ маҳрум гардид. Дар ҳоле ки муассисони ҳизби нав масъалаҳои иҷтимоӣ, беҳдошт, мактаби бепул ва мурооти ҳуқуқи инсонро мароми хеш эълон кардаанд, мақомот онҳоро дар ташкили гурӯҳи мухолиф ба сиёсатҳои раисиҷумҳур Ислом Каримов айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG