Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 3 милисаи ноҳияи Балҷувон дар як даргирӣ


Бар асари як даргирии мусаллаҳона дар мавзеи Дӯлонаободи ноҳияи Балҷувон шоми рӯзи 1 -уми декабр дар ин ҷо се корманди милиса кушта ва як тан шадидан захмӣ шудаанд. Мақомоти расмии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ ва ё такзиб накардаанд. Дар бораи мансубияти мусаллаҳон низ иттилои дақиқ мавҷуд нест, аммо эҳтимол меравад, афроди ҳамлавар маҳбусони фирорӣ аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ мебошанд, ки дар 23-юми августи соли равон аз Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти Тоҷикистон фирор кардаанд. Дар ҳоле ки шумори дақиқи силоҳбадастон ва қурбониён маълум нест, ба ҷои воқеа нерӯҳои изофӣ фиристода шудаанд. Гузоришгари Озодӣ дар минтақа қаблан гузориш дода буд, ки бархе аз сокинони ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон аз гаштугузори афроди ношинос дар кӯҳу ҷангали ин мавзеъ изҳори нигаронӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG