Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба кормандони амниятӣ ва милисаи Балҷувон


Кормандони милиса дар ин мошин ҳаракат мекарданд.

Кормандони милиса дар ин мошин ҳаракат мекарданд.

Бар асари ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ дар мавзеи Дулонамайдони ноҳияи Балҷувон чанд тан аз корманди мақомоти интизомӣ кушта шудаанд. Феълан амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи ин гурӯҳи мусаллаҳ идома дорад.

Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ дар ин даргирӣ муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон, подполковник Идибек Шарифов, сарваколатдори шӯъбаи амнияти ноҳияи Темурмалик Низомиддин Сайфиддинов ва Убайдулло Сафолов, ронандаи беморхонаи ноҳияи Темурмалик кушта шудаанд.

Ҳамчунин Табаров Ҷӯрахон, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон ва ду нафари дигар низ бар асари ин ҳамла маҷрӯҳ шуда ва дар бемористон ба сар мебарад.

Фотеҳ Аминов, раиси ноҳияи Балҷувон ба хабарнигори Озодӣ, ки дар минтақа ҳузур дорад, гуфтааст, ки ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбеи 1 -уми декабр сурат гирифта ва дар ҳоли ҳозир амалиёти ҷустуҷӯ ва таъқиби афроди мусаллаҳи ҳамлавар идома дорад. Ба гуфтаи оқои Аминов ин гурӯҳи ҳамлавар тахминан аз ҳашт нафар иборат буда аст.





Ба қавли сокинони маҳаллӣ, онҳо аз ҳузури силоҳбадастон ба мақомоти умури дохилӣ хабар додаанд ва вақте мақомот мехостанд, ки ахбори дарёфткардаи фавриро роҷеъ ба афроди мусаллаҳ тафтиш кунанд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

То ба ҳол шумори дақиқи силоҳбадастон ва қурбониён маълум нест. Дар ҳоли ҳозир тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуда ва нерӯҳои изофӣ ба минтақа фиристода шудаанд.



Тибқи бархе фарзияҳо, афроди ҳамлавар маҳбусони фирорӣ аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ мебошанд, ки дар 23 августи соли равон тавонистанд бо куштани панҷ нафар посбон бигурезанд. То ҳоли ҳозир 15 нафар аз 25 маҳбуси фирорӣ таҳти пайгард ҳастанд ва боздошт нашудаанд. Аммо ин фарзия ҳанӯз тасдиқ нашудааст.

Гузоришҳои қаблӣ

Гузоришгари Озодӣ дар минтақа дар яку ним моҳи пеш гузориш дода буд, ки бархе аз сокинони ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон аз гаштугузори афроди ношинос дар кӯҳу ҷангали ин мавзеъ изҳори нигаронӣ мекарданд.

Ӯ мегуфт, дар ҳоле, ки дар минтақаи Рашт, ҳамҳудуди ноҳияи Балҷувон амалёти нерӯҳои интизомӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадаст идома дорад, пайдо шудани чунин афрод боиси шубҳаи баъзе аз сокинон мегардад.

Дар сӯҳбате Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорти корҳои дохиии Тоҷикистон роҷеъ ба ин ҳодиса гуфт: "Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Ҳамчунин гурӯҳи фаврии ҷустуҷӯӣ таъсис шудаву ба кор шурӯъ кардааст. Мутаассифона шахсияти ҳамлаварон онҳо дақиқ нашудааст".



НИГАРОНӢ АЗ ЗУҲУРИ АФРОДИ НОШИНОС


Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG