Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо дар панҷаи барфу борон


Ҳавои сард ва бориши барф фаъолияти фурудгоҳҳо ва ҳаракати нақлиёт дар бархе аз кишварҳои Аврупоро тақрибан номумкин сохтааст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, имрӯз ҳаракати тақрибан нисфи қаторҳои Eurostar аз Лондон ба Порис ва Брюссел боздошта шуд.

Шурӯъ аз рӯзи чаҳоршанбе чанд фурудгоҳ, аз ҷумла Гатвики Бритониё, Эдинбурги Шотландия, Лиони Фаронса ва Женеваи Швейтсария бар асари барфи зиёд баста шудаанд. Дар фурудгоҳҳои Испанияву Олмон низ даҳҳо парвоз мавқуф гузошта шудааст.

Лаҳистон афроди бехонумонро меҷӯяд

Расонаҳои Олмон дар бораи дасти кам ду ҳазор садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои пурбарфи кишвар хабар доданд. Ба иттилоъи нашрияи Bild, моҳи декабри соли равон аллакай сардтарин дар Олмон дар чандин қарни ахир унвон мешавад - дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво то 18 дараҷа пойин рафт, ки барои ин кишвар дар садсолаҳои ахир бесобиқа будааст.

Дар Лаҳистон баъди он, ки дастикам 8 нафари бехонумон бар асари сардӣ аз олам даргузаштаанд, кормандони полис аз мардум хостанд то барои ошкор кардани ҷойи будубоши ҳамаи афроди беманзил кӯмак кунанд. Зимнан, дар шаҳри Белосток дар шарқи ин кишвар, ҳарорати ҳаво то 26 дараҷа сард шуд.

Хосе Сапатеро дар роҳ банд монд

Сардии бесобиқа нақшаҳои бархе аз афроди маъруф ҳам тағйир дод. Ба иттилоъи Би-Би-Си, Хосе Луис Сапатеро, сарвазири Испания, дар роҳ сӯи шаҳри Сюрихи Швейсария банд монд - ӯ бояд дар раъйдиҳии ФИФА, Федератсиони байнулмилалии футбол, барои мушаххас кардани кишвари мизбони Бозиҳои Ҷоми ҷаҳон дар соли 2018 ҳузур медошт.
Испания ва Португалия барои мизбонии чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дархости муштарак ироа кардаанд.

Дар Бритониё барфу сардӣ...

Хадамоти ҳавосанҷии Бритониё дар бораи бориши барф дар соҳилҳои шарқӣ ва бархе аз манотиқи марказӣ ҳушдор додааст. Дар ин кишвар ҳазорон мактабҳо маҷбур шудаанд, ки толибилмонро барои чанд рӯз ба таътил фиристанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳавои сард боиси боло рафтани қиммати газу нафт дар Аврупо шудааст.

...дар Италия борону обхезӣ

Дар ҳамин ҳол, дар ҷануби Аврупо офати дигари табиӣ мардумро имтиҳон мекунад. Дар шимоли Италия боронгариҳои шадид боиси обхезӣ шуданд ва мақомоти кишвар шаҳрвандонро аз имкони боронҳои нав ҳушдор додаанд. Сатҳи рудхонаи Тибр, ки аз Рум убур мекунад, як метр боло рафт ва дар бархе маҳаллаҳои шаҳр аз соҳил берун шуд.
XS
SM
MD
LG