Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amazon.com аз WikiLeaks рӯ тофт


Хадамоти интернетии маъруфи Amazon.com аз пуштибонии минбаъдаи сомонаи WikiLeaks, ки ахиран ҳазорҳо асноди сиррии дипломатии амрикоиро ифшо сохт, сарпечӣ намуд. WikiLeaks баъд аз ҳамлаи ҳакерҳо муваққатан аз хадамоти Amazon.com истифода мекард. Дар бораи лағви созиш миёни Amazon.com ва WikiLeaks Кохи Сафед хабар дод. Узви Сенати ИМА Ҷо Либерман аз дигар ширкатҳо даъват намуд, ки ба Amazon.com. пайравӣ кунанд.
Вошингтон рӯзи сешанбе дар бораи шурӯъи тафтиши парвандаи ҷиноии берун шудани иттилоъи махфӣ аз вазорати умури хориҷии Амрико хабар дод. Интерпол дар пояи дархости мақомоти Шветсия ҷустуҷӯи муассиси сомонаи интернетии Wikileaks Ҷулиан Эссанҷро шурӯъ кард. Эссанҷ дар ин кишвар дар таҷовуз ба номус ва дастдарозӣ ба ду зан гумонбар мешавад.
XS
SM
MD
LG