Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Аврупо эъдоми Шаҳло Ҷоҳидро маҳкум кард


Шӯрои Аврупо эъдоми зани эронӣ Шаҳло Ҷоҳидро маҳкум кард. Хонум Ҷоҳид, ки дар қатли Лола Саҳархезон, ҳамсари Носири Муҳаммадхонӣ, узви собиқи дастаи мунтахаби футболи Эрон, муттаҳам шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе дар зиндони Эвини Теҳрон ба дор овехта шуд.
Дабири кулли Шӯрои Аврупо Турбёрн Ягланд гуфт, ки аз ин гуна тасмими ғайрибашарӣ ӯ ба даҳшат уфтодааст. Иҷрои ин ҳукм, аз нигоҳи раҳбари Шӯрои Аврупо, боз як намунаи бетафовутии мақомоти Эрон дар баробари ҳуқуқи башар аст.
Аз ин пеш созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар – Amnesty International аз мақомоти Эрон даъват карда буд, ки ҳукми эъдоми Шаҳло Ҷоҳидро лағв кунанд.
XS
SM
MD
LG