Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносон мегӯянд, ифшои номаҳои электронии дипломатҳо кори вазорати корҳои хориҷаи Амрикоро мушкилтар хоҳад кард. Ифшои чаҳоряк миллион номаи махфии дипломатҳо тавассути сомонаи WikiLeaks мавриди баҳс дар саросари ҷаҳон шудааст.

Чунин ба назар мерсад, ки ин номаҳоро як ё ду сарчашма дар дохили ҳукумати Амрико дар ихтиёри WikiLeaks гузоштаанд. Ин номаҳо аз дипломатҳои амрикоӣ расидаанд, ки тақрибан дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон кор мекунанд. Мазмуну мундариҷаи ин номаҳо аз Испания то Кореяи Ҷанубӣ ва аз Аргентина то Эронро дар бар мегирад. Вале ин ифшогариҳо пеш аз ҳама роҷеъ ба худи Амрикост.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷаи Амрико, дар ин бора гуфт, "ҳар кишвар, ба шумули Амрико бояд холисона ва хусусӣ дар бораи масъалаҳои муштараки мавриди нигаронӣ ба гуфтугӯ нишинанд".

Латма ба эътибори Амрико

Томас Пикеринг, дипломати ботаҷрубаи пешини Амрико, ки сафири Амрико дар Урдуну Русия ва СММ будааст, дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ гуфт, ба бовари вай, эътибори Вошингтон дар баробари чунин ифшогарӣ зоҳиран осебпазир хоҳад буд.

Ӯ бовар дорад, ки ин ифшогариҳои WikiLeaks ба эътибори Амрико асари бад хоҳад гузошт, ки натавонистааст маводи маҳрами худро ҳифз кунад.

Ин ақидаҳо низ дар гардиш аст, ки марҳалаи душворе барои дипломатҳои амрикоӣ дар пеш аст, зеро ҳамкорони хориҷии онҳо ҳангоми музокира ё машварат тарси онро хоҳанд дошт, ки гуфтугӯи маҳрамонаи онҳо саранҷом ифшо хоҳад шуд.

Эрик Ҳолдер, додситони кулли Амрико, рӯзи душанбе гуфт, ки бар зидди сомонаи WikiLeaks парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи вай, "гурӯҳи WikiLeaks амнияти миллиро дар хатар қарор додааст". Баъзе мақомоти расмии дигар пешниҳод кардаанд, ки Ҷулиан Ассенҷ-муассиси WikiLeaks тибқи қонуни 1917, ки ифшои асноди маҳрами давлатиро мамнӯъ медонад, ба муҷозот кашонда шавад.

Ифшои асноди махфӣ дар бораи Тоҷикистон?

Баъзе аз сомонаҳои интернетӣ бо иқтибос аз WikiLeaks баъзе аснодро ба чоп мерасонанд. Масалан, сомонаи ЦентрАзия.ру рӯзи чаҳоршанбе матлаберо гӯё аз WikiLeaks иқтибос оварда чунин навиштааст, ки "соли 2005 сафири Амрико дар Тоҷикистон ба вазорати хориҷаи Амрико чунин навиштааст, ки "президент Раҳмонов метавонад нисбат ба рақибони худ бераҳм бошад, вале баъзе аз рақибони вай воқеан хатарноканд". Ба ҳамин тартиб, Мирзоев, раиси пешини Ожонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон, метавонист ба ҳукумати Раҳмонов таҳдид кунад. Иёлоти Муттаҳида аз Раҳмонов даъват кард, ки Мирзоевро барканор кунад ва вай ин дархостро иҷро кард".

Аммо Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, мегӯяд, дар посух ба ин суол, ки то куҷо ин суханон ба воқеият дуруст меояд, гуфт, ин матлаб асосе надорад. Ба гуфтаи ӯ, «президенти Тоҷикистон дар қабули қарорҳо ҳамеша аз манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ кор мегирад, на аз тавсияҳои кишвари хориҷӣ».

Ҷеофрӣ Берриҷ, профессори собиқадор, роҷеъ ба таърихи дипломатия дар донишгоҳи Лесистери Британия мегӯяд, асари ифшогариҳои WikiLeaks дер давом нахоҳад кард, зеро чунин таҷрибаҳо такрор намешаванд ва як бор "самара" медиҳанд. Вай мегӯяд, чизе, ки ба эътибори Амрико муваққатан осеб хоҳад расонд, ин аст, ки дар ин қарни электронӣ чунин мавод ба андозаи кофӣ барои гардиш ба сомонаҳои интернетӣ роҳ меёбанд.

Муассиси WikiLeaks кист?

Бо назардошти ҳамаи ин, ба истилоҳ "ифшогариҳо", ҳоло суоле пеш меояд, ки Ҷулиан Ассенҷ, муассиси WikiLeaks кист, ки ин қадр дар ҷаҳон сару садо роҳ андохт?

Вай як шахси асрорангез аст, 39 сол дорад ва аз Австралия мебошад. Ахиран пулиси байналмиллалӣ барои боздошти вай дастур содир кард. Менависанд, ки вай нисбат ба фаъолиятҳои маъмулӣ фаъолиятҳои махфиро барои худ ифтихор медонистааст. Ба вижа, маълумоти маҳрамеро дӯст медорад, ки ҳукуматҳо аз қудрати худ сӯистифода мекунанд.

Ҷулиан дар шаҳри Тавнсвиллеи Австралия ба дунё омадааст ва дар ҷавонӣ, дар синни 16-солагӣ ба комютер ва таҷҳизоти компютерӣ алоқа пайдо кардааст. Ба ин тартиб, вай дар ҳамон солҳо ба дуздии компютерӣ ё роҳ ёфтани ғайриқонунӣ ба сомонаҳои интернетӣ машғул шудааст ва ҳатто гурӯҳеро дар атрофи худ ҷамъ кардааст ва ин гурӯҳи худро International Subversives ё Хадамоти махфии байналмиллалӣ ном ниҳодааст.

Баъд аз чанд сол пулис ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кардааст ва Ассенҷ ҷарима шудааст ва ба вай пешниҳод карданд, ки рафторашро ислоҳ кунад. Акнун дар ҳоле, ки ифшогариҳои WikiLeaks идома дорад, мақомоти расмии Амрико ба ғазаб омадаанд ва мегӯянд, ки вай бояд тибқи Қонуни Ҷосусӣ ба муҷозот кашонда шавад.

Вале коршиносон бар ин ақидаанд, ки ин кор далел мехоҳад, ки оё Ассенҷ бо намояндагони расмии кишварҳои хориҷӣ дар тамос будааст ва онҳо асноди маҳрамро дар ихтиёри вай қарор додаанд ё хайр. Аммо чунин далелҳо вуҷуд надорад ва хабаргузории Ассошиейтед Пресс навиштааст, шояд заминаҳои дигаре вуҷуд дорад ва онро метавон дуздии дороии ҳукуматӣ арзёбӣ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG