Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи талхи як ҷуфти мубтало ба ВИЧ СПИД


Бинои ба иттилои маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории масунияти бадан дар Тоҷикистон, дар Тоҷикистон бештар аз 2 ҳазору 300 тан расман ҳамчун мубталои ВИЧ СПИД сабтином шудаанд. Як бахше аз онҳо занонеанд, ки аз ба ин вирус аз шавҳарони мардикори худ сироят ёфтаанд.

Мусоҳиби мо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, 27 сол дорад ва ба вируси норасоии масунияти бадан аз шавҳараш дар Русия сироят ёфтааст. Шавҳари ӯ қаблан дар Русия мардикорӣ мекардааст ва баъд аз гузашти муддате ҳамсарашро ба наздаш даъват кардааст.

Онҳо зиндагиашонро якҷо идома додаанд ва мусоҳиби мо ҳомиладор шудааст. Табибони рус пас аз гузаронидани ташхиси маъмулии тиббии зани ҳомила, дар хуни ӯ ВИЧ-ро пайдо кардаанд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: «Ман камтар сабр кардам ва ба шавҳарам ҳамаашро гуфтам, он кас ба ман нигоҳ карданду бахшиш пурсиданд. Ман гуфтам, ки дигар дар Русия истода наметавонам ва ба Тоҷикистон бармегардам, он кас гуфтанд, ки агар ту баргардӣ аз ман ҷудо мешавӣ. Ман фаҳмонидам, ки мо зиндагӣ мекунем, зеро мо ба ҳамдигар лозимем. Бемории моро касе намедонист, баъд ман ба ватан омадам».

Баъди бозгашт хонаводаи шавҳар аз бемории мусоҳиби мо огоҳ шудаанд ва муносибаташонро бо ӯ тағйир ёфтааст ва онҳо аз кӯмаку дастгирии ин ду ҷуфти ҷавон ва аммо бемор даст кашидаанд.

Ӯ мегӯяд: «Рӯз ба рӯз шавҳарам худро гунаҳкор мекард. Ман ӯро дилбардорӣ мекардам. Ӯ ки мӯътоди маводи мухаддир набуд, худро гунаҳкор меҳисобид. Ман мегуфтам, ки ин тақдиру насиби ҳардуямон будааст. Ӯ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфта буд. Танҳо бо як зан як маротиба робита доштааст. Шавҳарам мегуфт, ки ман мехоҳам пеш аз ту бимирам. Шавҳарам чор моҳ аст, ки аз СПИД фавтидааст».

Ӯ фарзандашро бо кӯмаки табибон таввасути ҷарроҳӣ ба дунё овард. Ҳарчанд муттахасисони тиб гуфтаанд, ки таваллуди фарзанд барои тифл бехатар сурат гирифтааст, аммо модар аз тақдири ояндаи ӯ сахт нигарон аст. Зеро мавҷуд будан ё набудани вирус дар ҷисми тифл баъд аз 18 моҳ муайян мешавад ва аммо ҳоли ҳозир духтараки мусоҳиби мо танҳо як сола аст.

Ӯ гуфт: «Ҳар боре, ки ҳарорати духтарам баланд мешавад, ман метарсам. Шавҳарам пеш аз марг шаш моҳ ҳарорати баланд дошт. Ман хаста шудам. Алҳол ҳоло фарзандам аз ташхис нагузаштааст. Пагоҳ яксола мешавад. Бояд як маротиба дар яксолагӣ ва баъдан дар 18 моҳагӣ аз ташхис гузаронанд».

Вазъи саломатии мусоҳиби мо хуб арзёбӣ мешавад. Масунияти баданаш низ баланд аст ва ин хотир феълан аз табобати зиддивирусӣ истифода намебарад. Ӯ мегӯяд, дар хонаи волидонаш ба сар мебарад ва аз бемории ӯ пайвандон ва хешу табору наздикаш огоҳанд ва муносибаташонро бо вай таъғир надодаанд. Муҳаббат, таваҷҷӯҳ ва ғамхории наздикон ӯро ба зиндагӣ дилгарм ва дар дилаш шӯълаи умедро фурӯзон кардааст.

Баъд аз марги шавҳар мусоҳиби мо сатр ба сар кардааст. Қаблан ҳам намоз мехонд ва имрӯз ҳам. Ӯ мегӯяд, пайваста дар вақти намоз барои рӯҳи шавҳараш дуо мекунад ва аз Худованд илтиҷо мекунад, ки фарзандаш бедард ва ба ин вирус олуда набошад.
XS
SM
MD
LG