Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле, ки аз замони дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи аз кӯчаву бозор барчидани аксҳои ӯ бо мақомоти маҳаллӣ якуним сол сипарӣ шудааст, вале аксаран бар ин назаранд, ки ҳоло низ суиистифода аз номи раиси ҷумҳур идома дорад.

Қиссаи нангини Муяссара

Ҳафтаи гузашта духтари 18-солае бо номи Муяссара аз ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш ба идораи радиои Озодӣ омада, аз як чунин иттифоқе ҳикоят кард, ки ба маҳзи ҷабри «одами президент» ӯ наметавонад оила барпо кунад.

Ин духтар мегӯяд, раиси воҳиди кишоварзӣ ӯро ҳанӯз дар 16-солагиаш ҷабран таҷовуз карда ва ба манзури беҷазо мондани худ таҳдид кардааст, ки ӯ «одами президент» аст ва агар дар ҷое ҳам садо баланд кунад, ҳарду бародари ӯро хоҳад кушт.

Муяссара нақл мекунад, ки ҳамроҳи дугонаҳояш барои гирифтани музди корӣ ба назди раиси воҳиди кишварзӣ рафтаанд ва раис ҳақи кори дигар духтаронро дода, ба Муяссара гуфтааст, ки пули ӯ дар хонааш аст ва беҳтар аст ба манзили раис биёяд.

Аммо вақте Муяссара ба манзили раис рафтааст, ба ҷои музди кор мавриди таҷовуз раис қарор гирифтааст. Ӯ он замон ҳамагӣ 16 сол доштааст. Пас аз ин амал раиси воҳиди кишварзӣ ба ӯ таҳдид кардааст, ки «одами президент» аст ва агар ба ҷое шикоят барад, падари нобино ва ду бародари Муяссараро нобуд хоҳад кард.

Муяссара гуфт, ки таи ду сол ин расвоиро пинҳон медошт, вале пас аз як хостгорӣ аз тарафи ҳамдеҳааш маҷбур шудааст, ки падарро аз ин воқеа огоҳ кунад.

Касе ба доди Муяссара намерасад

Муяссара ба тамоми идораҳо сар зада, имдод хостааст, то ин раисро, ки худро «одами президент» эълон намуда, ба номуси ӯ расидааст, ҷазо диҳанд, вале натиҷае ҳосил нашудааст.

Талошҳои мо барои тамос бо раиси хоҷагии мазкур натиҷа надод. Аммо Давлаталӣ Юсуфов, як масъули шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Вахш гуфт, ки аз ин ҳодиса бохабар аст ва тафтишотӣ муқаддамотӣ низ дар ин бора ба анҷом расидааст.

Аммо он чи ки гуфта шуд, танҳо мавриде нест, ки бархе аз мансабдорони сатҳи поёнӣ ва ё баъзе аз нафарҳо худро "одами президент" муаррифӣ мекунанд ва ба амалҳои нодуруст даст мезананд.

Табақаи "махсус"-и ҷомеа

Минҳоҷ, як сокини ноҳияи Ҳисор, низ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, раиси ҷамоат, ки боре дар ҷамъомаде дар расми ҷомапӯшонӣ ба президент ҳузур дошт, ҳоло худро «одами президент» муаррифӣ карда ва ба корҳое даст мезанад, ки муносиб ба як мансабдор нест.

Ин гуна афроди фурсатталаб барои собит кардани наздикии худ бо президент барои мошини худ рақами РТ дастрас мекунанд ва ё беҳтар аз он чаҳор рақами яксонро мехаранд, ки ба зинаҳои боло марбут будани онҳоро рӯшан кунад.

"Касе ҳақ надорад аз номи президент сӯҳбат кунад"

Зимнан аз мавҷудияти чунин ҳодисаҳо дар ҷомеа масъулини давлатӣ ва коршиносон низ огоҳӣ доштаанд. Як масъули дафтари раёсатҷумури Тоҷикистон, ки хост номаш бурда нашавад, гуфт, дар ду соли қабл бо як дастури раисиҷумҳур аксҳои ӯ бо раисони навоҳӣ, ки аз ҷодаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барчида шуданд, бесабаб набуд.

Аз сӯи дигар, афзуд ӯ, ҳеҷ нафаре аз мансабдорон аз номи президент ҳақ надоранд сӯҳбат кунанд. Аммо раисони вилоёт ва навоҳии кишвар, ки тибқи фармони раисиҷумҳур ба мақом интихоб мешаванд, ба ҳайси намояндаи президент дар маҳалҳо фаъолият мекунанд.

"Агар онҳо по аз доираи салоҳият ва ваколатҳои худ фаротар гузоранд, ин ҳамчун нақзи қонун шинохта мешавад ва барои чунин амалҳо қонун ҷавобгарӣ муайян кардааст", -мегӯяд ин ҳамсӯҳбати мо.

Адами назорати "одамони президент"

Иброҳими Усмон, яке аз таҳлилгарони тоҷик, мӯътақид аст, ки адами ҷавобгарӣ ва нокифоиятии назорат боиси худсарӣ ва худро ба сифати «одами президент» муаррифӣ кардани чунин афрод шудааст.

Бо ин ҳама Муяссара, духтаре, ки дар чорроҳаи зиндагӣ музтар мондааст, ин ҳодисаи нангинро наметавонад аз доманаш бишӯяд. Ҳоло танҳо барои пинҳон шудан аз таънаи мардум ду бародараш қаҳр карда, ба Русия рафтаанд.

Муяссара мунтазир аст, ки ниҳодҳои интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар расидагӣ ба аъмоли раиси воҳиди кишоварзиро, ки худро «одами президент» эълон карда ва ӯро бо таҳдид бадном сохтааст, мунсифона анҷом хоҳанд дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG