Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Остона суханронӣ кард


Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти САҲА дар Остона суханронӣ кард. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, оқои Раҳмон бештар ба масоили амнияту обу энержӣ, рафъи монеаҳои сунъии нақлиётию транзитӣ ва ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ба таваҷҷўҳи хоси Душанбе ба таҳкими демократияву ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, минҷумла озодии дин ва озодии сухан дар кишвар таъкид кардааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти Остона бо раисиҷумҳурони Австрияву Украина Ҳанс Фишер ва Виктор Янукович ва бо сарвазири Белгия Ив Летерму муовини сарвазири Испания Мануэл Чавес Гонсалес низ мулоқот кардааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти оқои Раҳмон, дар ин дидорҳо асосан масоили равобити дуҷонибаи ин кишварҳо бо Душанбе баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG