Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигорони радиои Озодӣ Фирӯз Баротов ва Шаҳлои Гулхоҷа соҳиби ҷоизаи озмуни журналистони Тоҷикистон таҳти унвони «Беҳтарин матлаб дар бораи масоили ВИЧ СПИД дар расонаҳо» шуданд.

Ин озмун бо ташаббуси Маркази пешгирӣ ва мубориза бо СПИД ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳошияи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВИЧ СПИД баргузор гардид.

Шаҳлои Гулхоҷа дар ин озмун барои матлаби видеоии «Беморони СПИД: Аз мо ҳазар накунед!», ки дар торнамои Озодӣ нашр шуда буд, ҷоиза ба даст овард. Се матлаби аудиоии Фирӯз Баротов дар бораи издивоҷи беморони ВИЧ СПИД ва нақзи ҳуқуқи беморон дар Тоҷикистон аз беҳтарин матлабҳои сол дар ин мавзӯъ эълон шуд.

Озмуни «Беҳтарин матлаб дар бораи масоили ВИЧ СПИД дар расонаҳо» аз соли 2006 ин ҷониб ҳарсола баргузор мегардад. Хабарнигори мо Фирӯз Баротов бори чаҳорум аст, ки барандаи ин сабқат мешавад.

Дастандаркорони ин озмун бар ин назаранд, ки масоили ВИЧ СПИД дар расонаҳои Тоҷикистон ба таври зарурӣ инъикос намешавад. Онҳо талош доранд, то таваҷҷӯҳи журналистони тоҷик ва ҷомеаи Тоҷикистонро ба ин маризӣ бештар равона кунанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз 2 ҳазору 300 тан расман ҳамчун мубталои вируси норасоии масунияти бадан сабтином шудаанд, вале масъулони маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории СПИД мегӯянд, ба таври ғайрирасмӣ ин рақам ба 10 ҳазор нафар мерасад.

Бино ба иттилои маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории масунияти бадан дар Тоҷикистон, дар кишвар 56 навраси то чордаҳсола, ки мубтало ба бемории ВИЧ-СПИДанд, низ зиндагӣ мекунанд.

Матлабҳои видеоӣ ва аудиоии Шаҳло ва Фирӯз:



Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG