Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба гуфтаи Вазорати молияи Тоҷикистон, қарзи ин ҷумҳурӣ аз Чин то 790 миллион доллар расидааст. Ҳафтаи гузашта дар бораи ироаи боз 179 миллион доллар қарз ба Точикистон миёни «Эксимбонк»-и Чин ва давлати Тоҷикистон қарордод имзо шуд.

Мохи июни соли гузашта Тоҷикистону Чин дар бораи як миллиард доллар сармояҳои Чин ба Тоҷикистон дар иҷрои барномаҳои иқтисодӣ қарордод имзо карданд.

Афзоиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистон

Сандуқи байнулмилалии пул ахиран ба далели зиёд шудани қарзи хориҷии Тоҷикистон, ки ба гуфти ҳамин манбаъ, аз 40 дарсади ҳаҷми умумии маҷмаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон убур кардааст, дигар аз қарзҳои беимтиёз даст кашад.

Ба ин далел бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон аз афзоиши қарзҳои Чин ба Тоҷикистон ва авоқиби он ба вазъи молии ин ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карда гуфтаанд, агар Тоҷикистон бо иқтисоди заифи худ ин қарзҳоро баргардонда натавонад, Чин ба ивази қарз метавонад корхона ва манбаъҳои зеризаминии Тоҷикистонро таҳти контрол бигирад.

Тоҷикистон чунин таҷрибаи талхро имтиҳон карда буд ва чанд соли қабл Русия дар ивази қарзи 293 миллиондолларӣ муҷтамаи низомии контроли фазои мавсум ба «Окно»-ро дар ихтиёри худ қарор дод.

Қарзҳои "истеъморӣ"

Аммо Худобердӣ Холиқназаров, собиқ вазири хориҷи ва таҳлилгари Маркази пажӯҳиши стратегии дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар қарзҳои Чин нигарониеро намебинад. Ба ба гуфтаи ӯ, шарту муҳтавои қарзҳои Чин аз Русия фарқ дорад.

Ҷаноби Холиқназаров афзуд: «Таҷрибаи талхе, ки мо паси сар кардем, ба шарти қарзи Русия рабт дошт. Русия ба мо фишор овард, барои он ки мӯҳлати қарз кутоҳ буд ва ин қарзҳоро метавон қарзҳои "истеъморӣ" хонд. Қарзҳои Чин то 40 сол мӯҳлат доранд ва давлати мо ҳар сол фоизи ин қарзҳоро, ки хеле каманд, пардохт мекунад».

Ҷаноби Холиқназаров афзуд, мо то ба ҳол фишори Чин бар сари қарзҳои додаашро эҳсос накардаем. Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфта буданд, ки бар ивази сохтмони тунели Шаршар дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб ва сохтмони нерӯгоҳи ҳароратӣ ва маркази гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе Тоҷикистон як кони маъданро дар ихтиёри Чин қарор хоҳад дод. Вале аз ном бурдани ин кон худдорӣ карданд.

Таъсири қарзи хориҷӣ ба амнияти иқтисод

Фирӯз Саидов, таҳлилгари дигари Маркази мутолеоти стратегии дафтари раёсатҷумҳур, низ нигароние дар қарзҳои Чинро намебинад. Бо вуҷуди ин вай гуфт, ки ҳар навъ қарз ба амнияти иқтисоди Тоҷикистон хатар дорад.

Ӯ афзуд: «Қоидаи бозори иқтисодӣ ҳамин аст, кадом қарзе, ки нагиред - аз Чин, аз Русия ё Амрико – он ба бехатарии давлат таъсири худро мерасонад. Қарзе, ки Чин ба мо медиҳад, на танҳо барои мо, балки барои Чин дар оянда судманд аст. Чин маблағашро бидуни суд овардан дар оянда ба касе қарз намедиҳад. Қарзҳои Чин барои сохтмони роҳ аст, ки барои бозорёбии худаш дар минтақа равона шудааст».

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, дар қарз гирифтан аз дигар кишварҳо, ба хусус Русия, мо бояд андеша кунем. Ӯ афзуд: «Қарзҳое, ки Чин ба мо медиҳад, фоизи солонаашон аз фоизи қарзи Бонки ҷаҳонӣ ва созмонҳои сармоягузор камтар аст».

Хатари қарзҳои афзоянда Чин ба Тоҷикистон

Вале Раҳматулло Валиев, таҳлилгари умури иқтисод, дар қарзҳои афзояндаи Чин ба Тоҷикистон хатари ҷиддиро эҳсос мекунад. Ҷаноби Валиев афзуд: «Бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ, кишвари қарздиҳанда ҳақ дорад, бо арзиши қарзаш корхона ё захираи табииеро аз кишвари қарздор талаб кунад. Ҳар қадаре, ки қарзи Чин ба Тоҷикистон зиёд шавад, Тоҷикистон ҳамон қадар вобастаи Чин мешавад ва дар лаҳзаи ҳассос Чин ҳар чизеро талаб кунад, Тоҷикистон маҷбур аст, иҷро кунад. Ба ин далел мо бояд бо Чин дар бораи тавлидоти мол дар Тоҷикистон тавофуқ кунем, на балки барои воридоти домии колоҳо аз ин кишвар».

Ин дар ҳолест, ки ахиран Тоҷикистон ва Чин дар бораи кашфу истихроҷи захоири табии Тоҷикистон дар манотиқи марзӣ қарордод имзо карданд ва роҳҳои бо сармояи Чин сохта ва сохташаванда низ аз ҳамин минтақа убур мекунад. Ба гуфтаи Раҳматулло Валиев, ба ин далел мақомоти Тоҷикистонро, ки бо иқтисоди заифи худ 8 миллион нафар сокин дорад, дар гирифтани қарз аз Чин, ки бо иқтисоди тавоно дорои якуним миллиард сокин аст, эҳтиёткор бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG