Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон низ ба реҷаи 5-рӯзаи кор мегузарад


Давлати Афғонистон гуфт, ба хотири коҳиши ифлосии ҳаво дар пойтахт, шаҳри Кобул, ба кормандони идороти давлатӣ ҳар ҳафта як рӯзи изофии истироҳат хоҳад дод. Ходимони давлатӣ дар Афғонистон феълан 6 рӯз дар ҳафта кор карда, мисли аксари кишварҳои исломӣ рӯзи ҷумъа истироҳат доранд.
Ҷамъияти Кобул ба зери 5 миллион расидаааст, ки чунин шумори мардум хориҷ аз зарфияти таъсисоти зербиноии пойтахт аст. Фаъолони муҳити зист ба ин далел аз азми давлат барои ироаи рӯзи дуввуми истироҳат ба кормандон истиқбол мекунанд. Мақомот гуфтаанд, мардум алакай аз рӯзи панҷшанбеи 2 декабр метавонанд рӯзи дуввуми истироҳати худро бигиранд. Ба ин тартиб, панҷшанбе ва ҷумъа дар Афғонистон ба ҳайси рӯзҳои истироҳати ҳафта интихоб шудаанд.
XS
SM
MD
LG